Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла аз ҳоли Эҳсон Ғанихӯҷаев, Абдуалӣ Абдушукуров ва Солеҳҷон Ҷӯраев хабар гирифт. Зимни суҳбат бо собиқадорон Раиси вилоят аз хизмати фидокоронаи онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки маҳз бо матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номус барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Зикр карда шуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ба неруи пуриқтидор табдил ёфта,  муҳофизи марзу буми аҷдодӣ гардид.

Раиси вилоят ба собиқадорон саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно карда, кору пайкори онҳоро намунаи ибрат барои ҷавонон арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh