Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳраки Шӯроб

12-уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст роҳбари вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳраки ангиштканон - Шӯроб шинос шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар ин шаҳраки саноатӣ бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Чунончи бо маблағгузории бевоситаи Ҳукумати мамлакат сохтмони хатти оби нӯшокӣ барои шаҳраки Шӯроб ба итмом расонида шуд. Дар марҳилаи аввал бо қубурҳо аз деҳаи Чорқишлоқ то ба шаҳраки Шӯроб ба масофаи 11,2 км хатти об кашида шуда, ҳамазмон ду ҳавз бунёд гардид. Дар марҳилаи дуввум бошад азнавсозии системаи обу ташноби шаҳрак ба нақша гирифта шудааст. Барои ин беш аз 13 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Корҳои сохтмонию васлнамоиро мутахассисони ҶДММ “Наврӯз-2003” ба зимма доранд.

Дар маркази шаҳрак Раиси вилоят бо лоиҳаи бунёди майдони Парчами давлатӣ ва варзишгоҳ ошно гардид. Ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ Парчами давлати қомат афрохта, ҳудуди он сабзу хуррам ва ободоу зебо гардонида мешавад. Ҳамчунин сохтмони майдончаи варзиши аз тарафи ҶСШК “Ангишт”  ба роҳ монда шудааст. Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, рангу бори биноҳои баландошёна, мумфаршкунии роҳҳо, ивазнамоии пуррагии системаи обу ташноби шаҳрак ва фаъолияти муназзам он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh