Ашт. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ниёзмандонро аёдат намуд

10 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ятими кулл Шоҳҷаҳон Раҳимовро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондааст, аёдат карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят дар суҳбат бо Шоҳҷаҳони хурдсол, ки айни замон дар тарбияи бобову бибиаш қарор дорад, иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос насозад, зеро давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгири ятимону ниёзмандон буда, барои тарбияву таҳсили онҳо мунтазам кӯмак мерасонад.

Сипас, Раиси вилоят Рухшона Қӯзибоеваро, ки мутаваллиди соли 2011 ва маъюби гуруҳи ду аст, аёдат кард. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо волидони Рухшона таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат қишри ниёзманди ҷомеаро ба таври доимӣ дастгирӣ менамояд ва ба маъюбону ятимон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.

Аз ҷониби Раиси вилоят ба оилаи Қӯзибоевҳо низ кӯмакҳои моддӣ эҳдо карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh