Баррасии муроҷиати сокинони шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

6 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади баррасии муроҷиати сокинони шаҳраки Ганҷобод дар ноҳияи Мастчоҳ машварати корӣ баргузор намуд.

Зимни машварат муроҷиати сокинони шаҳраки навбунёд Дилшод Раҳимов ва дигарон вобаста ба таъмин намудани шаҳрак бо қувваи барқу хатти об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре таъкид карда шуд, 23-юми марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ дар ноҳияи Мастчоҳ  ба бунёди шаҳраки Ганҷобод санги асос гузошта буданд.

Тибқи лоиҳа дар шаҳраки нав бунёди инфрасохтори муосир, аз ҷумла,  мактаб,  бунгоҳи тиббӣ, беморхона, кӯдакистон, марказҳои хизматрасонӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ  ба нақша гирифта шуда, аз ҳудуди шаҳрак барои 2700 оилаи эҳтиёҷманд қитъаҳои замин ҷудо гардидааст.

Айни замон дар шаҳрак 500 оила хонаи истиқоматӣ бунёд карда, дар маҳаллаи навбунёд хатҳои интиқоли барқ ва лулаҳои об кашида шудааст. Ҳамзамон марказӣ саломатӣ ва мактаби замонавӣ барои 1200 хонанда дар ду баст бунёд гардида, муассисаи таълимӣ бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Марҳила ба марҳила иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида, барои сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Сокинон барои кашидани хатти обу барқ ба кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуда буданд ва баррасии масъалаҳои мавҷуда бо ҷалби масъулини сохторҳои марбута сурат гирифт.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи маҳаллаи навбунёд супоришҳои қатъӣ дода, таъкид кард, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин мушкили сокинон ҳал карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh