Мастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид

6 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карда, дар маъракаи ниҳолшиноние, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон” доир шуд, ширкат варзид.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” моҳи сентябри соли 2020 баъд аз навсозӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода гирифта буд ва боғи мазкур имрӯзҳо ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил намуда, барои назаррабо гардидани он ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст.

Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарсабзу хуррамгардонии боғи мазкур низ ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди он иловатан дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида хоҳад шуд.

Бо иштироки Раиси вилоят ва ҳашарчиён-кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, хоҷагии манзилию комуналӣ ва ҷавонони фаъол дар ҳудуди боғ 450 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

Масъулини ноҳия ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки бо мақсади ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани минтақаҳои гуногуни ноҳия амри марбутаи раиси ноҳия ба тасвиб расида, тибқи он то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар қаламрави ноҳия беш аз 283 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, мевадиҳанда ва қаламчаи гулҳо шинонида мешавад.

Раиси вилоят барои тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки барои истироҳату фароғати сокинон минбаъд низ бояд шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh