Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшиноӣ ва бунёди боғи интенсивӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар заминҳои ҳудуди Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёну дил боғҳои интенсивӣ бунёд гардида истодааст.

Роҳбарияти марказ ба ободониву сабзгардонии муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда,  азм доранд, ки дар ҳудуди он боғҳои интенсивӣ ташкил намоянд. Бо ин мақсад дар навбати аввал дар назди даромадгоҳ ва дохили муассиса бунёди боғи интенсивии шафтолу, себ ва бодом ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳашари дастаҷамъии кормандони марказ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзида, ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва кишту парвариши сабзавот маслиҳатҳои муфид дод.

Барои бунёди боғҳои интенсивӣ аз Фаронса, Полша ва Италия ниҳолҳо оварда шудааст ва бартарияти ин ниҳолҳо дар он аст, ки аллакай аз соли дуввум ба ҳосил медароянд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби ҳашарчиён дар масоҳати як гектар боғи нав бунёд гардид.

Боиси зикр аст, ки марказ аз 5 бинои табобатӣ иборат  буда, дорои 70 кат мебошад ва дар он 67 нафар кормандон кору фаъолият мебаранд. Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёну дил асосан беморони дил, фишорбаландӣ, баъди сактаи дил, гардиши хун ва ғайраро ба  солимгардонӣ фаро мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh