Дар майдони Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо 150 бех дарахтони ороишӣ шинонида шуд

Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳудуди Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи Амонулло Орифови шаҳри Хуҷанд беш аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва нодир шинонида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт, 150 ниҳолҳои каштан, санавбар, ёси ҳиндӣ, сўзанбарг, арча ва ғайраҳо шинонида шуд, ки барои сояафканӣ ва истироҳати доимиии беморон ва кормандони муассисаи тиббӣ шароит фароҳам меорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободонӣ барои боз ҳам ҷоннок намудани сабзу хуррамгардонӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh