Раиси вилоят сокинони шаҳри Панҷакентро, ки бар асари таркиши балони гази моеъ ҷароҳат бардошта буданд, аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳри Панҷакентро, ки бар асари таркиши балони гази моеъ ҷароҳат бардошта буданд, аёдат намуд.

Боиси зикр аст, ки рӯзи 25 январи соли равон дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157 бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омад, ки дар натиҷа 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Сокинон сари вақт ба беморхонаи марказии шаҳр оварда шуда, зери назорати табибон қарор гирифтанд. Худи ҳамон рӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои роҳбарияти вилоят 8 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои табобати ҷароҳатёфтагон ба Панҷакент сафарбар карда шуданд.

Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, айни замон вазъи беморон қаноатбахш буда, кормандони соҳаи тиб барои барқарорсозии саломатии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли беморон хабар гирифта, бо пайвандону наздикони онҳо суҳбат орост. Таъкид гардид, ки барои пурра табобат ёфтани шахсони ҷароҳатёфта беҳтарин мутахассисон сафарбар шуда, барои табобати беморон кӯмак расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh