РИСОЛАТИ ҲИФЗИ БЕҲДОШТӢ: КАСБИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ

Мусоҳиби ман – директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемилогии шаҳри Хуҷанд, ки аз таърихи августи соли дуҳазору бист ба ин вазифа таъин шудааст, духтури эпидемиолог Усмонова Таҳмина Ҳасановна. Номбурда факултаи санитарию профилактикии филиали Хуҷандии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷкистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 2005 –ум бо дипломи сурх хатм кардааст.

То ин муддат ӯ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамчун духтури эпидемиологи сироятҳои бениҳоят хавфнок, чанд муддат дар ҳамин муассисаи фаъолияташ хеле муҳим ҳамчун духтури санитарии озмоишгоҳи санитарӣ, мудири ташхисгоҳи санитарию гигиенӣ, мудири шуъбаи коммуналӣ, мудири шуъбаи санитарӣ, муовини директор оид ба корҳои эпидемиологии ҳамин марказ, давоми шаш сол – аз соли 2014 то 2020 дар вазифаи мудири шуъбаи эпидемиологии ҳамин ниҳод кору фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

- Таҳмина Ҳасановна, Шумо ҳамчун духтури ихтисосманди беҳдоштӣ беҳдорӣ ва вогиршинос, таъсир ва паҳншавии умуман бемориҳои сироятиро чигуна тафсир медиҳед. Ва дар ин робита донистан мехостам, ки вазъи эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Умуман бемориҳои сироятӣ, ки бештарини онҳо асоси вирусӣ доранд, барои солимии шахс ва ҷомеа ташвишовар буда, онро танҳо дастаҷамъона дар меҳвари риояи қоидаҳои бехатарӣ, беҳдоштӣ ва санитарӣ пешгирӣ кардан ниҳоят муҳим ва зарурист. Ва чунон ки мегӯянд, саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст. Вале муҳимияти ҳифз он аст, ки бояд мардум, ҳар шахс худ ва атрофиёнашро эҳтиёт ва муҳофизат намояд. Махсусан, дар шароити имрӯза эҳтиёт намудани бемориҳои вирусӣ: ба мисли касалиҳои шадиди рӯдаю меъда, зардпарвинҳо, барангезандагони зардпарвин, бемории сил, газидани ҳайвонот, хориш, бемории трихофатия. Вазъи эпидемиологии сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва коронавируси навъи – COVID- 19 ба эътидол омада истода бошад ҳам, ҳолати пандемии давлатҳои дунё ташвишовар боқӣ мондааст.

Аз ин рӯ, фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонии беморон мувофиқ ба талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ дар ҳолати пандемикӣ ба роҳ монда шуда, аз саршавии ин беморӣ то инҷониб тамоми тадбирҳои ҳадафманди раванди тандурустӣ ва табобат амалӣ шудаанд. Имрӯз низ корҳои беҳдоштӣ муназзам идома доранд.

- Воқеан аз расонаҳои хабарӣ ва аз ҳолати беморхонаҳои ба ифодаи мутахассисон «минтақаи сурх» қарордошта медонем, ки онҳо ба кори муқаррарии ҳаррӯзаи худ идома бахшидаанд.

- Дуруст зикр намудед, имрӯз Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С.Қутфиддинов, Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд ва шуъбаву утоқҳои махсуси беморхонаҳои марказии шаҳриву ноҳиявии қаламравии вилоят ба фаъолияти низоми муқаррарии кори худ идома дода истодаанд. Ин хушбахтиву хушҳолии мардуми вилоят ва ҳам духтурон ва дар умум тамоми кормандони ҳифзи сиҳатии оммаи вилоят ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт ҳарчанд такрор шавад ҳам, боз таъкид кардан зарур аст, ки идомаи корҳои безараргардонӣ ва муҳофизативу беҳдоштӣ ниҳоятан муҳим мебошад. Ниҳоди мо, яъне Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи манбаъҳо корҳои безараркунӣ ва истифода аз маҳлули гипохлариди натрийи якфоизаро то ба имрӯз ба роҳ мондааст. Маводҳои безараргардонӣ харида ва захира шудааст.

Барои безараргардонӣ ҷиҳозҳои зарурӣ – корҷома, айнак, респиратор, ниқоб, дастпӯшакҳои резинӣ ва мӯзаҳо харида, ба корҳои мақсаднок истифода гардида истодаанд. Масалан, барои безараргардонии муҳити шаҳри Хуҷанд, ки вориди одамон дар қиёс бо дигар шаҳру ноҳияҳои зиёд мебошад, кӯчаву хиёбонҳо, ҳудуди биноҳои баландошёна, боғҳо, маҳаллаҳо, бозорҳо ва дигар мавзеъҳои сераҳолӣ бо дастгирии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи идораи «Хуҷандобуканал», дар давоми пандемия 25 тонна гипохлариди натрий ҷудо гардида, масраф шудааст.

Ҳангоми гузаронидани муоинаҳои эпидемиологии манбаъҳои сироят маълум гардид, ки дар бисту ҳашт фоизи бақайдгириҳои беморҳо касалии худро ба маъракаҳои азодорӣ ва тӯй вобаста намудаанд. Дар марҳалаи ҳозира ягона роҳи пешгирии гузариши сирояти COVID- 19 ин риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне фосилаи иҷтимоӣ, истифода бурдан аз ниқобҳои тиббӣ - муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ, иштирок накардан дар ҷойҳои серодам буда, ин тадбиру кор исботи худро ёфтаанд. Биноан, мо бояд дар самти коҳиш додани хатари паҳншавии коронавирус – COVID- 19 пурмасъулият бошем, ки ин тақозои вазъи имрӯза мебошад.

Айни замон Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр тадбирҳоро бобати эмин доштан аз хатари паҳншавии ин бемории вирусӣ андешида, назорати қатъӣ мебарад: таҳсил дар мактабҳо бо риояи қоидаҳои санитарӣ, вазъи хатсайрҳои нақлиётӣмусофиркашонӣ, вобаста намудани мутахассисон ба марказҳои саломатӣ, оид ба гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни донишҷӯён, манъи оши ҳарифона дар чойхонаҳо, риояи беҳдоштӣ дар тӯйхонаву тарабхонаҳо, ба роҳ мондани хабарномаҳои фаврӣ аз муассисаҳои табобатӣ - профилактикӣ, новобаста аз шакли моликият, ҳангоми дарёфти бемориҳои роҳи нафас, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирии хатари паҳншавии сироятёбии COVID- 19, манъи фаъолияти марказҳои дилхушӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ аз ҷумлаи чораҷӯиҳои мушаххасанд ва барои ҳама муҳим мебошад. Табибон, кормандони тиб, мутахассисони соҳаи беҳдоштӣ дар умум посбонон – ҳабибони сиҳатмандии мардуманд. Онҳо, ба гуфтаи ҳакиме «кори гиреҳкушо нашавад дар замон банд» ҳастанду мебошанд.

- Ба андешаи Шумо, кор ва фаъолияти мутахассисону дар умум Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр чӣ мазмуну муҳтавое дорад?

- Мутахассиси ин соҳаи муҳиму доманадори тандурустӣ ва беҳдоштӣ, ки ҳастам, вобаста ба талаботи замон чунин посух медиҳам: -Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар асоси Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти санитариву эпидемологӣ, қонунҳои кишвар дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ, дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар санаду меъёрҳои хуқуқӣ вобаста ба соҳа, фаъолият мебарад. Бояд бигӯям, ки дар назорати марказ 2190 муассиса ва корхона, аз он ҷумла муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонии маишӣ, савдо, хӯроки умумӣ, саноати хӯрока, хоҷагии коммуналӣ, нақлиёт ва ғайраҳо тааллуқ дорад.

Дар давоми сол аз тарафи шуъбаҳои марказ фаъолияти иншоот ва муассисаҳо аз санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида шуданд. Доираи фаъолияти корбариву назорат басо фароханд, он аз кормандони мо масъулият ва рисолати касбиро талаб менамояд. Меҳвари кору фаъолияти мо пойдории сиҳатии омма, пешгирии паҳншавии бемориҳои вирусӣ, сироятӣ, устувор нигоҳ доштани қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад. Мутахассисон – духтурони марказ ва шуъбаҳои марбутаи он, аз ҷумла шуъбаҳои гигиенаи хӯрока, гигиенаи коммуналӣ, гигиенаи кӯдакон ва наврасон, гигиенаи меҳнат, ҳамчунин дигар самтҳои кору фаъолияти ин ниҳоди тандурустӣ - иҷтимоӣ ҳамеша дар иҷрои вазифа, самти кори сохторӣ масъулият ва эҳсосу суботи касбии хешро баланд бардошта, дар масири муносибат, муошират ва муомила бо мардум эҳтирому ҳамдигарфаҳмиро авло медонанд, манфиати ҷомеа ва давлатро ҳифз менамоянд.

Ҳамчун мутахассис худи ман низ дар иҷрои вазифа чунин равандро риоя менамоям ва инро аз кормандон талаб мекунам. Дар ҷомеаи касбиву меҳнатии марказ суханони пурмазмуни мутафаккире «Рӯзгори маънии нағзаш бифаҳмем, ки чист» дар қалбҳо, корҳову амалҳо ва тадбирҳо гул мекунанд. Мутахассисони шуъбаҳои марказ дар иҷрои вазифаи худ садоқатмандӣ нишон медиҳанд. Аз ҷумла шуъбаи гигиенаи хӯрока санҷишҳоро шаффоф гузаронида, барои ислоҳи камбудиҳо пешниҳодҳои мушаххас медиҳад. Ғизои хубу солиму безарар асоси сиҳатмандӣ аст ва бояд ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ бошад. Дар назорати шуъбаи гигиенаи коммуналӣ 582 иншоот қарор дорад Миқдори беҳдошти иншоот дар соли 2020 ҳашт адад буда, шумораи кормандони аз кор барканор кардашуда 94 нафарро ташкил дод.

Ҳамин тавр, дар назорати шуъбаи гигиенаи меҳнат 195 иншоот қарор дорад, ки фаъолияти онҳо аз ҷиҳати талаботи санитарӣ таҳти назорати гигиенӣ қарор мегирад. Мо ҳамеша дар маркази диққат ва раванди фаъолият вазъи эпидемиологии шаҳрро мавриди назар қарор медиҳем. Дар ин самт баҳри иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи табдирҳои беҳтар намудани вазъи эпидемологию эпизоотии бемории ҳорӣ дар вилояти Суғд» нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, фаъолиятро ба роҳ мемонем, чорабиниҳои пешгирикунанда пурзӯр мешавад.

- Мегӯянд, ки таърихи зинда ва ҳаёти ҳаррӯзаи инсонӣ давом дорад…

- Бале, дуруст ифода кардед. Яъне, ки ҳарчанд дар соли 2020 ҳодисаҳои ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, табибони муассисаҳои тиббиву табобатӣ, ҳамчунин мутахассисони мо низ дар миқёси вилоят барои пешгириву паҳн нагардидани бемориҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо, тоун, ҳорӣ, домана ҳушёриву зиракии касбии худро устувор нигоҳ медоранд. Ва хушбахтона, чунин ҳодисаҳои беморӣ дар қаламрави маркази вилоят ба қайд гирифта нашудааст. Мо рисолати касбиву инсонии худро, албатта, гиромӣ медорем, зеро бе ирода, бе эътиқод умуман ҳаёт гузаронидан номумкин аст.

Маънии кору зиндагӣ, иҷрои вазифа, хизмати мардумро софдилона ба ҷо овардан нишони одамият аст. Агар ҳаётро ба мизон-тарозу ташбеҳ диҳем, табибон дар як паллаи он бошанд, саломатии мардум дар паллаи дигари он қарор дошта, муназзам нигоҳ доштани сиҳатии ҷомеа, сокинони кишвари соҳибистиқлоламон шарафу суботи касбии хилъати сафедпӯшон – табибон, ҷумла кормандони тиб мебошад!

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh