Бобоҷониён Раънохон МАҲМУДЗОДА: ЗАНОНРО МУТТАҲИДӢ МУВАФФАҚ МЕСОЗАД

Ҳафтаи гузашта вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони вилояти Суғд силсилаи вохӯриҳои судмандеро анҷом доданд. Дар ин мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода низ иштирок дошт. Бо истифода аз фурсати муносиб бо Раънохон Маҳмудзода суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.

- Муаллима, огоҳ ҳастем, ки чанд рӯз аст ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои судмандеро анҷом додед. Лутфан бигӯед, дар мулоқот кадом масъалаҳои меҳварӣ мавриди гуфтугӯ буд ва Шумо аз дидор бо мардум чӣ бардоштҳое ҳосил кардед?

- Пеш аз ҳама, чунин мулоқот бароямон ҳисобот аст, ҳисобот дар пеши худамон. Баъди интихоботе, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор шуд, аз санаи 17-уми март Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори хеш шурӯъ кард. Дар ин фурсат аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр қонун, созишнома, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дигар барномаҳои давлатӣ баррасӣ ва қабул шуданд. Дар мулоқот низ атрофи ҳамин масъалаҳо бо мардум суҳбат кардем.

Дар баромадҳои худ бештар ба он такя мекардам, ки кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон масъули кадом қонунҳо буд, аз он ҷумла бо ташаббуси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом қонунҳо қабул гардиданд.

Дар меҳвари ин суҳбатҳо масъалаҳое, ки ба нафъи мардум анҷом дода шуданд, қарор дошт. Кадом қонунҳо қабул гардиданд? Онҳо ба фаъолияти минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла намояндагони ҳимоятгарон чӣ кӯмак карда метавонанд? Дар кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, кодекси ҷиноӣ кадом дигаргуниҳо қабул гардиданд, аз ҷумлаи мавзӯъҳои пурбаҳси суҳбати мо буд. Аз ҷониби мардум ин масъалаҳо хеле хуб қабул шуд. Шаҳрвандон пешниҳодҳои ҷолиб низ ироа намуданд. Минбаъд ин мавзӯъҳо омӯхта мешаванд ва дар оянда мо аз пайи иҷрои онҳо мешавем.

- Соли гузашта дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳимояи манфиатҳои занон чӣ тадбирҳо амалӣ шуданд?

- Барои ҳимояи манфиатҳои на танҳо занон, балки барои ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон чор қонуни мукаммал қабул гардид, яке аз онҳо кӯмаки ёрии ҳуқуқӣ буд. Яъне минбаъд на танҳо ҳимоятгарон, балки ҳуқуқшиносоне, ки дар назди Вазорати адлия номнавис шудаанд, метавонанд, ба мардум кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд. Онҳо ҳуқуқи дар мурофиаҳо иштирок карданро надоранд, аммо ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода метавонанд, ки албатта, ба нафъи мардум аст, аз он ҷумла ба масъалаи занон ҳам. Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбути занон зиёд мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки яке аз онҳо масъалаи маскун кардан буд. Яъне, то чӣ андоза имрӯз масъалаи маскун кардан ба нафъи занон аст ва оё минбаъд роҳи ҳалли ин масъала ҳаст ё не? Ин муаммо аст. Вақте оила ҷудо мешавад ва фарзандони ноболиғ доранд, онҳо ба куҷо бояд раванд? Хусусан ҳангоме ки худи мард манзили истиқоматӣ надорад ва дар хонаи волидонаш зиндагӣ мекунад. Даромади муайян надорад, боз оилаи нав бунёд мекунад ва бар замми ин зани собиқ ба хона маскун карда мешавад. Чӣ кор кардан лозим аст, ки роҳи ҳалли ин масъала пайдо шавад.

Ман фикр мекунам, ки дар ин маврид аҳдномаи никоҳ, ки Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, кӯмак карда метавонад. Агар мардум аҳдномаи никоҳро дар оғози хонадоршавӣ ба инобат гиранд, метавонад ба нафъи мардум бошад ва яке аз роҳҳои ҳалли муаммо шавад. Ҳатто аҳдномаи никоҳ сабаби вайрон нагаштани оила шуда метавонад.

–Дар робита ба ин як масъалаи дигар ҳаст ва ин маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Ба андешаи Шумо, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла занон бояд чӣ корҳоро ба анҷом расонем, зеро бо вуҷуди он ки қонунҳои гуногун ба тавсиб мерасанд, мукаммал мешаванд, аммо, мутаассифона, аксари шаҳрвандон, бахусус сокинони навоҳии дурдаст маърифати ҳуқуқии комил надоранд, ҳуқуқҳои худро намедонанд. Дар ин самт чӣ корҳо бояд амалӣ шаванд?

-Ман фикр мекунам, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кори муайян дар як самт намешавад. Ин амал бояд системавӣ, бо низоми муайян ва дар ҳама самт бошад. Яъне ҳама масъулияти худро хуб дарк кунанд. Маърифати ҳуқуқии шаҳрванд аз мактаби миёна шурӯъ мешавад ва аз боғча низ бо усули ба роҳ мондани бозиҳо тарбияи ҳуқуқиро шурӯъ бояд кард. Масалан, дар кишварҳои Аврупо ба кӯдак меомӯзанд, ки либосашро бояд худаш интихоб кунад ва ягон нафар ба ӯ маҷбуран либос харида, пӯшониданаш мумкин нест. Яъне кӯдак аз хурдсолӣ аз ҳуқуқҳои худ огоҳ мешавад. Албатта, шояд шакли аврупоии тарбия ба мо то андозае роиҷ набошад, барои он ки мо мардуми Шарқ ҳастем ва барои мо он чизе, ки волидайн қабул мекунанд, чизи муҳим ва аҳамиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ба тадриси фанни «Асосҳои ҳуқуқ», ки дар макотибу донишгоҳҳои кишвар таълим дода мешавад, дар барномаҳое, ки дар васоити ахбори омма интишор меёбад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад. Яке аз самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти намояндагӣ аст, яъне шаҳрвандонро қабул кардан. Мо мактубҳо мегирем ва ё бевосита худи шаҳрвандон муроҷиат мекунанд ва дар баробари ин ба қабули бевоситаи вакилон меоянд, ки дар он ҷо низ шарҳи баъзе қонунҳо хоҳиш карда мешавад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пеш аз ҳама, ба масъулият рабт дорад ва дар доираи хонавода, мактаб ва ҷомеа бунёд мешавад. Ана ҳамин се унсури шаҳрвандӣ бояд бисёр фаъол бошанд ва якҷоя амал кунанд, то маърифати ҳуқуқии ҷомеа боло равад.

 -Муаллима, чун сухан аз васоити ахбори омма рафт, мехоҳам аз журналистика суҳбат кунем, чун, худи Шумо рӯзноманигор ҳастед. Мехостам, андешаҳои Шуморо перомуни вазъи кунунии журналистикаи муосири Тоҷикистон бифаҳмем. Аз насли ҷавони журналистон чӣ умедворӣ доред?

-Журналистикаи асри ХХI аллакай журналистикаи асри ХХ нест. Он ҷараёну тамоюлҳои асри ХХI, бо иттилоотонӣ ва технологияи муосир сару кор дорад. Ин дигаргуниҳои технологӣ журналистикаро бо ҷараёни тез 20-30 сол ба пеш бурд ва аллакай васоити ахбори омма моҳияти худро, ки пеш аз ҳама расонидани ахбор, маърифатнок кардани ҷомеа буд, дигаргун сохт, албатта ин вазифаҳо имрӯз ҳам боқӣ монданд. Яъне ВАО имрӯз ҳам вазифаи иттилоъ расониданро функсияи аввалин ҳисоб мекунад, лекин манбаъҳои ахборрасонӣ имрӯз на танҳо телевизион, радио, рӯзномаву маҷалла аст. Дар қатори ин блокҳо, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамин амалро ба иҷро расонида истодаанд. Дигар аз масъала ин дар пайи ҳар хабар мавҷуд будани манфиатҳо мебошад.

Имрӯз журналистикаро беманфиат тасаввур карда намешавад. Ин андешаро дар аввали солҳои 20-уми қарни ХХ В.И.Ленин гуфта буд, ки «Матбуот ва адабиёт бе синфият вуҷуд дошта наметавонад». Ҳоло ҳам хоҳ-нохоҳ журналистика побанди манфиатҳост. Фақат матбуоти замони шӯравӣ, ба як чӣ хидмат мекард, як самт дошт.

Имрӯз журналистика ҳам хусусӣ аст, ҳам давлатӣ аст. Ҳизбҳои сиёсӣ, ҳатто ташкилоту идораҳо метавонанд, ки ВАО худашонро дошта бошанд. Аз ҳамин нуқтаи назар имрӯз дар масъалаи назарияи фанни журналистика пайдарҳамиро дучор шудан бисёр душвор шудааст, яъне нуқтаи назари олимон дар ин самт бисёр ба ҳам зиддиятҳо дорад, ҳатто худи ҳамин ҷанрҳоро гирем, имрӯз ҷанрҳои журналистӣ ҳамин қадар ба ҳам омезиш ёфтаанд, ки дигар намедонӣ, ки мусоҳиба имрӯз ҷанри хабарӣ аст ё ҷанри таҳлилӣ. Ҳам метавонад, дар ин самт бошад, ҳам метавонад, дар он самт. Ё масалан «кепшин видеоҳо»- видеоҳое, ки бисёр кӯтоҳанд. Ё роликҳое, ки имрӯз дар сомонаҳои Ютуб, Телеграм дида мешаванд. Ё худ Фейсбук ва амсоли ин. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ васоити ахбори омма аст ё нест, суолҳои зиёд пайдо шуда истодааст, ки то ҳол муҳаққиқон дар атрофи онҳо нуқтаи назари ягона надоранд.

Имрӯз фаъолияти журналистон хеле мураккаб шудааст. Масалан, рӯзнома дар як ҳафта як маротиба нашр мешавад ва аллакай функсияи худашро, ки хабар расонидан аст, иҷро карда наметавонад. То хабар тавассути рӯзнома ба хонанда мерасад, ки ин корро сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба анҷом мерасонанд. Тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд, даъво кунанд, ки онҳо ҳам иттилоъ расонида истодаанд, ҷомеаро маърифатнок месозанд ва реклама пахш менамоянд, манфиат ҳам доранд. Пас, кадоме аз онҳо журналистика аст? Яъне ҳамаи ин барои фаъолияти журналистикаи анъанавӣ мушкил эҷод кардааст. Аз ҳамин нуқтаи назар шояд, ки солҳои минбаъда дар ин ҷода муайянӣ пайдо шавад. Гумон мекунам, ки чӣ қадаре ки техникаи иттилоърасонӣ зиёд шавад, ҳамон қадар журналистика бемаҳдуд мешавад. Масалан, журналистикаи минтақавӣ махсусияти худро аз даст дода истодааст. Талабот ҳаст, бале, онҳое, ки дар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, хабарҳои минтақаро донистан мехоҳанд, лекин дар баробари ин оё журналистикаи минтақавӣ хабарҳои ҷаҳонро дар расонаҳои худаш инъикос карда метавонад ё не, ин масъалаи дигар аст.

Имрӯз мо ҳатто гуфта наметавонем, ки намояндагии телевизионҳои худро дар кишварҳои дигар дорем ё не. Хабарҳое хориҷие, ки аз онҳо гирифта медиҳем, аз хабаре, ки мухбири худӣ омода мекунад, ба куллӣ фарқ мекунад. Хабарҳои хориҷие, ки мо пахш мекунем, хабарҳо бо нигоҳи онҳо аст. Тарғиби идеологияи хориҷиҳо аст. Мо фақат дар интихоби хабарҳо нақш дорем, имконияти мо то ҳамин ҳад аст. Мо он хабарҳоро бо чашми худ дида, худамон омода накардаем. Чунин мушкилиҳо пеши роҳи журналистикаи мо қарор дорад, гумон мекунам, ки бе дахолати сохторҳои давлатӣ ин масъала роҳи ҳалли худашро намеёбад.

Дар Тоҷикистон ба журналистикаи гуногунандеша замина ҳаст. Кадрҳои журналистие, ки имрӯз тайёр мешаванд, сатҳи омодагии онҳо гуногун аст. Гуфта наметавонем, ки ҳамаи онҳо ба талабот ҷавобгӯ аст, лекин хушбахтона, дар баробари ин имрӯз хатмкунандагони шуъба ё факултаҳои журналистӣ забондон ҳастанд. Забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ, олмонӣ, франсавӣ ва арабиро медонанд. Бо техникаи муосир кор карда метавонанд. Мо дар ин самт кор карда истодаем, лекин на дар ҳама ҷо. Барои ҳамин сатҳи дониши мутахассисон гуногун боқӣ мемонад. Албатта, дар ин самт баъзе ташкилот кӯмакрасон ҳастанд, мисли Ташкилоти ҷамъиятии «Хома», «НАНСМИТ», ё он корҳое, ки имрӯз Ҷамшеди Маъруф дар вилоят анҷом дода истодааст. Имрӯз як самти нави фаъолияти журналистика - «Далелсанҷӣ» пайдо шудааст.

- Пас рӯзноманигорон, ба вижа ҷавонон чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонанд, то журналистикаи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда тавонанд?

- Ба шогирдон муаллимони хуб бояд дарс диҳанд, мутахассиси соҳаи худ бошанд. Ихтисосҳое, ки имрӯз дарс дода мешаванд, бояд бо талаботи ҷаҳонӣ мутобиқат кунанд. Ҳам муаллим ва ҳам донишҷӯ дар баробари он ки меомӯзанд, бояд истеъдод ҳам дошта бошанд, фақат тавассути Маркази миллии тестӣ дар факултети журналистика мутахассис омода намешавад. Бояд шавқ, истеъдод, ҳунар дар рӯзноманигор бошад.

- Бале, солҳои қаблӣ барои дохил шудан ба факултети журналистика озмунҳои эҷодӣ ҳам буд, яъне навиштаву корҳои эҷодии довталаб пешниҳод мешуд, имрӯз чунин озмун нест. Ин хуб аст ё бад?

- Вобаста ба ин масъала пешниҳодҳо ҳаст ва дар назар аст, ки дар ин робита тағйирот шавад. Дар солҳои минбаъда онҳое, ки ба ихтисоси журналистӣ дохил мешаванд, аз озмунҳои эҷодӣ низ мегузаранд ва бо ин амал фазои холӣ пур карда мешавад.

- Мо ҳам мушоҳида мекунем, ки дар қатори донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ шахсони тасодуфӣ ҳам ҳастанд.

- Медонед, вақте довталаб дар Маркази миллии тестӣ ихтисос интихоб мекунад ва аксар дар баробари касби интихобкардаи худ ба хотири «мабодо» дар охир журналистикаро ҳам қайд мекунад, аз ҳама охир. Аммо мо ба ин тарз журналисти соҳибкасб тайёр карда наметавонем.

- Бигӯед, ки чӣ занро муваффақ месозад?

- Муттаҳидӣ, аз болои худ кор кардан ва дар ягон ҳолат рӯҳафтода нашудан ин чиз бисёр муҳим аст. Ба зан ҷурм бастан, муҷрим кардан аз ҳама кори осон аст. Талаботи ҷомеа ба зан бештар аст, яъне дар баробари он, ки шумо донишманд ҳастед, боз ба чанд меъёрҳои ҷомеа бояд ҷавобгӯ бошед. Ин чизҳо ба мардон нест ё камтар аст. Муҳити оилавии мардро камтар ба назар мегиранд, лекин, мутаассифона, дар ҷомеаи мо барои зан бевазан будан аллакай гунаҳкор будан аст. Масъулиятшиносии занон бештар аст. Занон бештар манфиати тамоми ҷомеаро ба назар мегиранд.

- Он мақсадҳое, ки дар синни 20 – солагӣ ба нақша гирифта будед, оё амалӣ шуданд?

- Ҳоло бист сол ҳам надоштем, вақте дар як нишасти ҳамсабақон ҳар кас ба суоле ҷавоб дода буд, ки «Дар 50 - солагӣ худро чӣ гуна дидан мехоҳад?» Ман он вақт гуфта будам, ки «профессори фанни таърих» ва имрӯз доктори фанҳои филологӣ, профессор ҳастам. Дар он замон мехостам, ки муаллими донишгоҳ бошам. Дар бораи сиёсат аслан фикр накарда будам.

- Пас чаро ба сиёсат рӯ овардед?

- Мехостам, дар тағйир додани ҷомеа ва рушди он саҳм гузорам.

- Оё тағйир дода тавониста истодаед?

- Коре карда истодаам, ки аз он ман қаноатманд ҳастам. Медонам, ки дар он ҷое, ки ман будам, корҳои анҷомдода зиёд буданд. Масалан, яке аз онҳо «Гранти Раиси вилоят» ва «Грант»-и раисони шаҳру ноҳияҳо дар замоне амалӣ гардид, ки ман раиси Кумитаи занони вилояти Суғд будам. Ин пешниҳоди ман дар тамоми вилоят ва сипас дар ҷумҳурӣ дастгирӣ ва роҳандозӣ шуд, барои он ки мо дастгирии Президенти кишварро доштем. Он замон «Гранти Президентӣ» буд.

- Чӣ таманное барои хонандагони рӯзнома доред?

 -Мехоҳам, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки 90 сола шуд, 120 - 130- солагӣ ва аз ин зиёдтарашро ҷашн гирад, барои он ки дар замони тараққиёти бемайлони технологияву журналистикаи муосир ба рӯзномаҳо хеле душвор шуда истодааст. Сафи хонандагони рӯзнома афзояд. Бовар дорам, «Ҳақиқати Суғд» - мактаби ин даргоҳ солиёни зиёд барои рушди журналистикаи тоҷик саҳм мегузорад.

-Ташаккури зиёд барои таманнои хуб ва суҳбати самимӣ.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh