ЭМИН АЗ БЕМОРӢ БОШЕМ!

Рӯзҳои охир ҷаҳони муосир фарогири буҳрони шадиди бемории сироятии COVID - 19 гашта, ба фаъолият, сатҳу сифати зиндагӣ, рӯҳу равон ва дар маҷмуъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар баробари андешидани чораҳои пешгирӣ ва тадбирҳои беҳдоштӣ ботадриҷ аз тарафи мутахассисони соҳаи тиб баҳри эмин мондан аз ин беморӣ, ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

Барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID - 19 пеш аз ҳама, тарзи дурусти истифодаи ниқобро бояд донист.

Бино ба гуфти мутахассисон ниқобро набояд ба манаҳ пӯшид, он бояд ҳатман даҳон ва биниро пӯшонад. Бархе сокинон як ниқобро рӯзҳо ва, ҳатто, ҳафтаҳо истифода мебаранд, гӯё онро на барои муҳофизат аз беморӣ, балки аз рӯи ноилоҷӣ ба рӯй мекашанд. Бино ба иттилои мутахассисон, як ниқоби тиббиро набояд аз ду ё се соат зиёда истифода кард. Бояд зикр дошт, ки нахустин ниқоби тиббӣ дар асри ХIV ҳангоми сар задани вабо пайдо шуда, шакли аввалин бо сарпӯш ва бинии дарози парранда буда, бо гузашти замон ниқоби тиббӣ ба он намуде, ки имрӯз ҳаст, мубаддал гашта, аз матои пахтагин ва рангоранг дӯхта мешавад.

Бархе сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб гаштугузор доранду аз сироят гаштан ва ё сироят намудани мардуми атроф парвое надоранд, ки ин нишони беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамдигар аст. Имрӯз, ки дар ҳолати пандемия қарор дорем, бояд ҳар нафар баҳри ҳифзи саломатии хеш дар ҳар соат ниқоби тиббиро иваз намояд. Ниқоби аз матоъ тайёр шударо метавон то шаш соат истифода кард ва баъдан онро бояд шуста. бо маҳлули спиртӣ безарар гардонид.

Муҳимтарин омил ин аст, ки пас аз кашидан ва гирифтани ниқоб набояд ба чашму бинӣ ва даҳон даст расонд, аввал бо собун дастонро тоза намуда, бо маҳлули спирт ва ё антисептик иловатан пок намуд, зеро дар ниқоб хавфи ҷамъ шудани зарраҳои микробу вирус бисёр аст. Рӯзе дар қади роҳи марказии шаҳри Хуҷанд, се - чор донишҷӯдухтарон бо ҳамдигар сӯҳбати гуворо доштанд, вале дар нафаре аз онҳо ниқоб дида намешуд. Банда аз онҳо пурсон гардидам, ки духтарҳо чаро ягон нафари шумоён ниқоб надоред? Ин рафтори шумоён боиси сироят ёфтани ҳар яки шумоён ва атроф мегардад. Чунин суол онҳоро нороҳат сохту якеаш чунин ҷавоб дод: «Апа, сейчас маска не в моде» - гӯён хандиду аз паи суҳбати худ шуд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мақомотҳо ва донишгоҳ, корхонаву идораҳо аёниятҳо оиди «Бе ниқоб даромадан манъ аст!» насб гардидаасту аксар нафарон онро риоя намекунанд.

Мутахассисон ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо воситаи ВАО таъкид месозанд, ки «ниқоб на танҳо воситаи пешгирии паҳншавии вирус, балки як навъ рамзи ҳамраъйӣ аст. Дар ҳолати зарурӣ аз ниқоб истифода намуда, фосилаи иҷтимоиро риоя кунед, ҷойҳои серодам худ ва аҳли оиларо ҳифз намоед, дастҳоятонро зуд-зуд тоза кунед, бо ин амал худ ва дигаронро ҳифз хоҳед кард». Чунин ҳушдорӣ ба мардуми кишвар баҳри эмин будан ва рафъи бемориҳост.

Аз тамоми сокинон даъват ба амал меоварем, ки якҷоя баҳри эмин мондан аз ин вабои аср кӯшиш кунем. Худ ва атрофиёнро ҳифз намоем, бо умеде, ки фардо аз бемории сироятии COVID - 19 халосӣ ҷӯем.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh