Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд»

Дирўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр  мебошад ва он реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 22 адад нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 24: 00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳолати нигоҳдории майдони ҳудуди корхона ва техникаву мошинсаройи он изҳори нигаронӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта то охири соли ҷорӣ муҳлат дод.

Таъкид шуд, ки аз фаъолияти бонизоми корхонаи мазкур тозагии шаҳр ва саломатии сокинони вобастагӣ дорад. Бояд кормандон ҳамарўза ҷиҳати саривақт гирифтани партов аз ҳудуди шаҳр фаъолнокӣ зоҳир намоянд ва масъулияти ҷиддӣ дар самти тозагии шаҳр ва ороста намудани кўчаву хиёбонҳоро дошта бошанд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри рушди корхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таҷдиди корхона ва харидории техникаву таҷҳизот роҳандозӣ гардидааст. Алҳол бунёди мошинсарой ва толори таъмиру таҷҳизоти техникаҳои корхона бомаром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh