АЗ СИРОЯТ ЭМИН БОШЕМ

Имрӯз мардуми ҷаҳон аз доман паҳн кардани бемории сироятии COVID-19 дар ташвишанд. Бо изҳори қаноатмандӣ метавон гуфт, ки бо донишу малака ва талоши шабонарӯзӣ кормандони соҳаи тиб бар аксари сироятёфтагон дармон бахшидаву онҳо аз ин бемории хатарзо раҳоӣ ёфта истодаанд.

Баъди паҳн гаштании ин беморӣ тамоми беморхонаву дармонгоҳҳо шабонарӯзӣ фаъолият намуда, баҳри раҳоӣ ёфтан аз ин вабо табибон хидматҳои зиёдеро баҳри солимии ҷомеа иҷро менамоянд. Аз ин лиҳоз, имрӯз беморӣ дар ҳоли коҳишёбист. Сардухтури маркази саломатии №6-уми шаҳри Хуҷанд Ҳабибулло Муродиллоев оиди фаъолияти марказ дар рӯзҳои пандемия иброз дошт, ки маркази саломатӣ бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Ҳамчунин, дар он утоқи духтурони оилавӣ, мутахассисони соҳаи тиб, шуъбаи рӯзона бо шаш кат, ҳуҷраи флюрографӣ, сӯзангузаронӣ, эмтаъминкунӣ, физиотерапевтӣ, ҳуҷраи солимии репродуктивӣ, ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Боиси қайд аст, ки кормандони марказ ба 13880 нафар истиқоматкунандаи минтақаи вобастагардида хизмат мерасонанд.

Дар марказ баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» корбарӣ шуда, дар самти пешгирӣ ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба бемории сироятии COVID – 19 корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Аз санаи 29-уми апрели соли 2020-ум 334 нафар бемор ба қайд гирифта шуда, аз 232 нафар тариқи амбулаторӣ табобат гирифта, 102 нафар дар беморхона, чор нафар статсионарӣ ва аз ҳисоби рухсатшудагон як нафар ба қайд гирифта шудааст. Бо бемории сироятии COVID – 19 дар нӯҳ моҳи соли равон дар умум 35 нафар ба қайд гирифта шуда, айни замон панҷ нафар таҳти назорати табибон қарор доранд ва аз беморӣ фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Боиси қайд аст, ки баъзан мардум аз ҳарорати баланд дар ҳарос меафтанд, ки гӯё ин нишонаи бемории сироятии COVID-19 бошад. Бояд қайд намуд, ки доштани ҳарорат якчанд намуд дошта, нишонаҳои бемории мавсимӣ ҳам ҳаст, ба монанди зуком, илтиҳоби шадиди бодомаки гулӯ (ангина). Нишондоди кори табибон дар соли равон нисбат ба соли 2019-ум ба 57 фоиз зиёд буда, мувофиқи нишондоди «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» зиёд аст. Миқдори ташрифи кормандони тиб ба ҳавлии ба як нафар сокини минтақа дар як сол ҳашт маротиба рост омад. Соли равон 187 нафар маъюбони калонсол ва 23 нафар то синни 18-сола таҳти назорати доимии табибони марказ қарор доранд.

Бояд зикр кард, ки барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 на танҳо табибон, балки тамоми сокинон вазифадоранд. Агар дақиқ назар намоем, бароямон равшан мешавад, ки на ҳама сокинони кишвар риояи беҳдошти санитарию гигиениро ба ҷо меоранд. Баъзе нафарон дидаву дониста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, алалхусус, бозору мағозаҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ бидуни ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ гаштугузор мекунанд. Манбаи сироят шахси бемор ё ҳомили вирус мебошад.

Ин бемории қатрагӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми сулфидан, атса задани бемор ба шахси солим асосан бо роҳи тамос паҳн мегардад.

Аз ин лиҳоз, аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро эҳтиёт намоянд, дар ҳолати худро нотоб ҳис кардан ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд, то ки худ ва аҳли оиларо аз ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд, - гуфт Ҳ.Муродиллоев.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh