ГАРАВИ ТАНСИҲАТӢ

Сари вақт гузаронидани иммунизатсия кӯдакро аз бемориҳои фалаҷ, гепатити В, сил, гӯлизиндонак, кабудсулфа, кузоз, сурхча, гулафшон ва ғайра эмин нигоҳ медорад. Ин нуктаро зимни баргузории семинари машваратӣ директори филиали муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар вилояти Суғд Ҷаннатой Набиева зикр дошт.

Дар семинари мазкур намояндагони филиали мазкур аз шаҳру навоҳии вилоят низ ширкат доштанд. Фахриддин Ҳакимов - намояндаи Раёсати тандурустии вилоят қайд кард, ки иммунизатсия ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон мебошад. Ҳангоми гузаронидани ваксинаҳо кӯдакон аз гирифторӣ ба бемориҳои номбурда наҷот меёбанд. Мавсуф зикр намуд, ки дар асоси «Барномаи нави миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» соли 2022 ваксинаи зиддисирояти пневмококкӣ ворид мешавад. Кӯдакон асосан иммунизатсиякуниро дар давраҳои 24 соати баъди таваллуд, яъне рӯзҳои 3 – 5 - ум, дар думоҳагӣ, чормоҳагӣ, яксолагӣ, 16 – 23 - моҳагӣ, шашсолагӣ ва 16 - солагӣ мегузаронанд, ки ин аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ройгон амалӣ мешавад.

Ҳамасола дар миқёси ҷаҳон 1,4 миллион фавти кӯдакони то 5 - сола аз бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ба қайд гирифта мешаванд. - Яке аз бемориҳои сироятии вирусӣ, ки ба оризаҳои ҷиддӣ, ба монанди энсефалит, менингит оварда мерасонад, бемории баногӯшак (прототит) мебошад.

Дар кишвари мо чунин беморӣ ҳар сол аз 1500 то 2500 ҳодиса ба қайд гирифта мешавад. Чунин бемориҳо табобати махсусро надоранд ва яке аз роҳҳои пешгирии самараноки он иммунизатсиякунонӣ ба ҳисоб меравад, ки бояд ҳар як кӯдак сари вақт аз он гузаронида шавад, - иброз дошт Ҷаннатой Набиева. Мақсади асосии семинари мазкур огоҳонидани волидайн аз гузаронидани саривақтии иммунизатсияи кӯдак ба ҳисоб меравад. Зеро бо ёрии иммунизатсия бемориҳои дар боло зикршуда таъсир гузошта наметавонад. Волидайнро зарур аст, ки кӯдакони худро сари вақт аз иммунизатсия гузаронанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh