ОЁ МО САРЧАШМАҲОИ СОЛИМИАМОНРО МЕДОНЕМ?

Чаро организми инсон бояд аз ҳар ҷиҳат тозагиро нигоҳ дорад? То чӣ андоза тозагии муҳити рӯзгор аз ҷиҳати экологӣ зарур аст? Оё мо меъёрҳои санитарӣ ва гигиениро риоя мекунем?

 Баҳри беҳдошти саломатӣ ба мо лозим аст, ки ба ин саволҳо посухҳои оқилона ёфта тавонем. Шахсоне ҳастанд, ки танашон комилан солим аст, онҳо аз ғулғулаву ташвишҳои шаҳрҳои калон дур зиндагӣ мекунанд, ҳар гуна нӯшокиҳои сунъии рангоранг, спиртӣ, қаҳва, шириниҳои гуногунро истеъмол намекунанд, тамоку намекашанд, балки танҳо ғизоҳои табииро истеъмол карда, ба рӯҳафтодагиву афсурдахотирӣ роҳ намедиҳанд. Аз ин лиҳоз, ҷисмашон бемориҳои хавфнокро қабул намекунад. Организми онҳо ба ҳар гуна беморӣ муқобил истода метавонад. Онҳо касонеанд, ки тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд.

Сокинони шаҳр, ки дар ҳуҷраҳои бисёрошёна зиндагӣ ба сар мебаранд, неъматҳо ва зебоии табиати зиндаро танҳо аз оинаи нилгун мебинанд ва аз муаммоҳои серпаҳлӯи муҳити зист аз бисёр ҷиҳат дар каноранд. Дар ин раванд як қатор муаммоҳо мавҷуданд, аз ҷумла, онҳо наметавонанд, аз ҳавои тоза, ки бо бӯи хуши гулҳо ва боғҳо, сабзазорҳои муаттар аст, ҳаловат баранд. Балки танҳо тирезаҳои хонаҳои бисёрошёнаро мекушоянду дар берун ҳавои тозаро эҳсос мекунанд, мебинанд, ки баҳор шукуфон аст ва ҳама бо чеҳраҳои хандон сайру гашт доранд. Муаммои дуюми сокинони шаҳрҳо оби нӯшиданӣ аст. Оби мо бӯи хлор дорад, ранги вай ҳам камтар зардчатоб аст, ки ин аз ҳисоби қубурҳои зангзадаи хати магистралӣ ва обанборҳо мебошад.

Нисбат ба таркиб ва меъёри хлор низ кафолат эътимодбахш нест. Магар обҳои рангае, ки барои истеъмол ба фурӯш мондаанд ва мактаббачагон байни танаффусҳо истеъмол мекунанд, инҳо афшураҳои меваи табиианд? Албатта, не! Ин низ аз омилест, ки ба саломатии инсон, бахусус тифлон зарар дорад. Муаммои дигар ҳавоест, ки мо нафас мекашем. Чунки маводҳои озуқаро мо ба ҳар ҳол метавонем, оқилона интихоб намоем, барои тозакунии оби нӯшокӣ мо метавонем обсофкунакҳо (филтр) истифода барем. Ғуборолудагии ҳаво ба чашми мо ноаён аст, аз ҳавои олуда бисёртар навзодон ва пиронсолон озор мебинанд, чунки имконияти пешгирии бемориҳои роҳи нафас ва шуши худро надоранд.

Дар бораи ғуборолудагии ҳаво, муҳити истеҳсолӣ ва кӯчаҳои сернақлиёти шаҳрамон, роҳҳои пешгирии он мо вақти андешаронӣ надорем. Аммо барои ақаллан паст кардани таъсири ин омилҳо бояд тадбир андешем. Масалан, шумораи автомобилҳо сол ба сол меафзояд, дар чоркӯчаҳо мошинҳои бешумор зам мешаванд, ин маънои онро дорад, ки садҳо автомобилҳои аввали асри ХХI аз муҳаррикҳои фарсуда газҳои токсикиро хориҷ мекунанд, ки барои саломатии инсон зарарнок аст. Чунин моддаҳои гази зараррасон дар тӯли шабонарӯз ба ҳавои кӯчаву хиёбонҳо чӣ қадарҳо хориҷ мегарданд? Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ партовҳои автомобил ва сӯзиши партовҳои иҷтимоӣ (оксиди карбон, диоксин, чанги кӯмур ва сӯхтани партовҳои шаҳр), аз қабили омилҳои хатарнок ба саломатии инсон ҳисобида шудааст. Аммо илм исбот кардааст, ки барои саломатии инсон ғизои тоза, ҳавои тоза ва оби тоза зарур аст. Сокинони деҳот ба ҳар ҳол метавонанд, аз ин неъматҳо бархурдор бошанд. дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҳаёти имрӯзаи шаҳрҳо беҳамтост, аммо он паҳлӯҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Чӣ тавре ки мебинем ба саломатии мо бисёр омилҳои муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳаётамонро аз ин таъсироти манфӣ эмин дорем. Масалан, мо ақаллан ба риояи тоза нигоҳ доштани манбаъҳои оби нӯшокии шаҳрамон, истеъмоли ғизоҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, кам кардани партовҳои автомобилӣ ва партовҳои шаҳрӣ, тозагии муҳити зистамон ҳиссагузор бошем, роҳҳои нигаҳдории саломатиамонро андеша намоем.

Имрӯз ҷаҳонишавӣ афзоиши босуръати «синтетикӣ»-шавии ҷамъияти муосирро ба миён овардааст. Масалан, витаминҳо гормонҳо, қолинҳо, рангҳо, хӯроквориҳо, консервантҳо, либосҳо, яхдонҳои пластикӣ, ҷои хоби синтетикӣ, зарфҳои синтетикӣ, ғуборолудии ҳавои бозорҳо ва мағозаҳо муаммои муҳити зистро ба миён овардааст. Агар гузаштагони мо навъҳои меваю сабзавотро бо усули интихоби сифат дар тӯли 8-10 сол дар шароитҳои табиӣ офарида бошанд, ҳоло навъҳои растаниҳои ғизоӣ ва техникӣ дар лабораторияҳо дар тӯли як сол офарида шуда, аллакай дар тӯли 2-3 сол дар истеҳсолот ҷорӣ мегардад. Ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ ҳиссаи растаниҳои ирсияташон тағйирдодашуда 60 фоиз киштҳои ҷаворимакка, лӯбиёгӣ ва биринҷ ва зиёда аз 30-40 фоиз киштҳои пахтаро ташкил медиҳанд.

Таркиби озуқавории ирсияташон тағйирёфта манбаи омехтаҳои истеҳсоли тамоман нави кимиёвиро ташкил мекунанд. Ин омехтаҳо, масалан, туршиҳои махсуси равғанҳо, сафедаҳои фоиданоки дар таркибашон аминокислотаҳои ивазнашаванда, сафедаҳои зараровар ба монанди ингибиторҳои (вайронкунандаи) ферментҳои системаи узвҳои ҳозима, ваксинаҳои хӯрданибоб, антителаҳо, интерферонҳо, сафедаҳои «доругӣ», пайвастагиҳои пептидива бисёр дигар маводҳои кимиёвиро бо роҳи биотехнологӣ дар таркиби растаниҳои озуқаворӣ ва техникӣ пешакӣ ба нақша гирифта мешаванд. Пешвои муаззами миллат, барҳақ асоснок таъкид мекунанд, ки мардуми кишварро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоем.

Дар ҳақиқат, қаймоқи болаззати маҳаллӣ ё тухми парҳезии мурғҳои маҳаллӣ ҳаловати дигар доранд. Аммо бисёр сокинон аз лаззати маҳсулоти хонагӣ ва ё ватанӣ ошно нестанд. Аз мағозаҳои калони замонавӣ (супермаркетҳо) афшураҳои себ, шафтолу, анор, афлесун, ки аз меваҳои ирсияташон тағйирёфта истеҳсол карда шудааст ва барои муддати истифодабариашонро дароз намудан бо консервантҳои кимиёвии номаълум ба истеъмолкунандагон пешниҳод карда мешавад, истифода мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо яхдонҳо ва витринаҳо аз зери назорати стандарти соҳавӣ дур ҳастанд. Мисоли дигар, хокаҳои қаҳва, шоколад, маҳсулотҳои ширӣ, куи аз изолятҳои зироати соя бо консервантҳои кимиёвӣ истеҳсол мешаванд, аз растаниҳои ирсияташон тағйирдодашуда мебошанд. Истеҳсолкунанда манбаи трансгенӣ доштани маҳсулотро дар қуттиҳо қайд намекунад.

Бояд худи истеъмолкунанда донад ва ғизоро оқилона интихоб намояд. Дурудароз дар яхдон нигоҳ доштани ғизоҳоро, ки дар таркибашон консервантҳои кимиёвӣ, рангҳои сунъӣ, хушбӯйкунандаҳои кимиёвӣ, сафедаҳои пуркунандаи ғизо, витаминҳои синтетикӣ доранд, яке аз омилҳои зараровар ба ҷисми инсон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб ба мо лозим аст, ки нисбати ғизоҳоямон бефарқ, обҳои нӯшокии ранга, нӯшокиҳои спиртӣ, ҳавои ғуборолудаи атмосферӣ набошем ва маҳсулоти хосаи ватании аз ҷиҳати экологӣ тозаи худро истеҳсол намоем. Ҳар яки мо аз оби тоза, ҳавои тоза, ғизои солим истифода бароем ва аз хатари бемориҳои ғайричашмдошт эмин бошем. Ҳар як соҳибкор ва истеҳсолкунанда бояд бо назардошти нигаҳдории саломатии миллатамон маҳсулот ворид ва истеҳсол намояд. Ҳамкории Ассотсиатсияи соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ташхисгари микробиологӣ, саратоншиносон ва табибони варзида метавонанд баҳри оқилона истифода намудани дастовардҳои замони муосир кӯмак кунанд.

Латиф РАҶАБОВ, номзади илмҳои биологӣ,
ходими калони илм, табибэпидемиологии
Беморхонаи марказии ноҳия,

М.ҚОСИМОВА, табиби дараҷаи олӣ,
сарвари шуъбаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ,

Абдуалӣ ТӮРАБОЕВ, муовини сарвари
ШКАТС-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh