ЗАҲМАТИ ШОИСТА БАҲРИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

- Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи Амонулло Орифови шаҳри Хуҷанд мо, кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустиро хушнуд сохт.

Зеро давоми солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ соҳаи нигаҳдории тандурустии аҳолӣ низ рӯ ба рушд оварда, сохта, ба истифода додани як қатор иншоот ва биноҳои иловагӣ заминаҳои мусоидро барои солимии ҷомеа фароҳам овард. соидро барои солимии ҷомеа фароҳам овард.

Дар ин замина бунёди бинои иловагӣ дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо низ барои анҷом додани як қатор амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ, ки то кунун дар хориҷи кишвар анҷом дода мешуд, ба манфиати аҳолӣ нигаронида шудааст, - иброз дошт сартабиби беморхона Ҳабибулло Муҳиддинов.

«Барои ҳар як давлат солимии ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигаҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем» омадааст дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин аст, ки давлату Ҳукумат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, дар кишвар садҳо иншооти нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додааст. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёфта, танҳо соли 2019 дар кишвар 154 муассисаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шудааст. Боиси хурсандист, ки танҳо дар ду соли охир 320 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, фарматсевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба мамлакат ворид гардида, 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонида харида шудааст.

Ҳамасола дар натиҷаи таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, ба истифода додани чунин як иншооти замонавӣ ва дорои таҷҳизоти муосир дар муддати кӯтоҳ гувоҳи татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Бинои навбунёде, ки дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифови шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шудааст, дорои тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ буда, баробари мавриди истифода қарор гирифтани он сокинони кишвар ва бистаришудагоне, ки қаблан барои ҷарроҳии дилу рагҳо ба кишварҳои хориҷа сафар мекарданду маблағи гарон дошт, саломатии худро дар ин макони офиятӣ беҳ мегардонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар бинои навтаъсис шуъбаҳои сактаи миокард, фишорбаландии шарёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ҷой гирифта, ҳамчунин шуъбаҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил, номураттабии кори дил, шуъбаи қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, шуъбаи ташхис, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои маҳс, сӯзангузорӣ ва физиотерапевтӣ дар ин бинои хуштарҳ ҷойгиранд. Дар таҳхонаи ин бинои замонавии чорошёна аллакай беморон аз духтурони соҳибтаҷрибаи дармонгоҳи маслиҳатдиҳӣ маслиҳатҳои судманд гирифта, тани худро тавассути таҷҳизоти рентген ва ангиографӣ аз ташхис мегузаронанд. Тоҷикистон дорои гулу гиёҳҳои шифобахшу дармонист. Дар гӯшаи гиёҳдармонӣ, ки дар ошёнаи якуми бинои навбунёд ҷойгир аст, корафтодагон метавонанд, аз 60 номгӯи гулу гиёҳҳои шифобахши кишвари офтобрӯяи тоҷикон баҳраманд гарданд. Бемороне, ки гирифтори бемориҳои дилу рагҳо мебошанд, аллакай аз хизматрасониҳои кормандони гӯшаи гиёҳдармонӣ бархурдор гашта, бартарии ин муассисаи тандурустиро аз дигар муассисаҳо баён медоранд. Ҳудуди беш аз 3-гектараи ин муассисаи табобатӣ ба шарофати меҳнати бурдборона ва заҳмати кормандони он торафт ободу зебо мегардад. Аз роҳравҳои сафолакпӯш роҳ рафта, ҷониби бинои хуштарҳу навсохт қадам задан ва дар нишасткурсиҳои назди фаввораҳои ранга нишаста истироҳат кардан, дар 10 айвони барҳавои зери дарахтони ороишию сояафкан бо шахси ба худ наздику дилошно суҳбат кардану тамошои наздик панҷоҳ ҳазор бех гулҳои ороишии мавсимӣ қалби ҳар беморро тасхир карда, сабабгори ҳарчи зудтар шифоёбии онҳо мегарданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд агар то ба истифода додани бинои нав 183 ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгард ба вуқӯъ пайваста бошад, баъди ташрифи Сарвари давлат ва ифтитоҳи бинои иловагӣ дар ин макони офиятӣ теъдоди ҷарроҳии вобаста ба бемориҳои дилу рагҳо афзуда, боиси шифоёбии баморон гардидааст. 70 номгӯи таҷҳизоти тиббие, ки беш аз 200 адад буда, дар бинои навтаъсис ҷой дода шудааст, кори духтуронро хеле сабук мегардонад.

- Имрӯз 345 корманди марказ ва 172 корманди бинои навтаъсис ҳамарӯза баҳри беҳдошти саломатӣ ва беҳбудии беморон заҳмат мекашанд. Духтурони соҳибтаҷриба, муовини сартабиб Азимҷон Содиқов, мудири шуъбаи қабул Далерҷон Болтубоев, мудири шуъбаи сактаи дил Шӯҳрат Эшонқулов, мудири шуъбаи наҷот Иброҳим Хӯҷаев, ҳамшираи калони шуъбаи наҷот Ибодат Бақоева, ҳамшираи калони марказ Зулфия Бобоева ва дигарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то беморон дар марказ саломатии худро барқарор намуда, ба назди оила ва пайвандонашон ба зудӣ баргарданд, - гуфт Ҳабибулло Муҳиддинов.

Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh