ШАЛҒАМ

Дар Тоҷикистони мо дарахтон, буттаҳо, сабзавоту полезиҳои зиёди ҳосилдеҳ ҳастанд, ки ба ҳамаи дард, захм, ҷароҳат ва иллатҳо даво шуда метавонанд. Яке аз чунин сабзавот шалғам мебошад.

Он ҳамчун сабзавоти шифоӣ байни халқ аз қадим маълум аст. Ҳанӯз дар Юнони қадим шалғамро зиёд истеъмол мекарданд. Дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз дар асри II онро кишт менамуданд. Дар кишвари мо шалғамҳои сурху зард аз давраҳои қадим маълум аст. Шалғам сабзавоти сармобардор буда, дар ҳарорати то 2-30С низ нашъунамо мекунад. Барои нумӯи шалғам ҳарорати 16-200С хеле мувофиқ буда, он сабзавоти серғизост. Дар таркиби ин намуди сабзавот 8,5- 12,6% моддаҳои хушк, 3,7-6,4% қанд, 0,8-2% сафеда, 19-63мг% витамини С ва витаминҳои В1 , В2, РР, инчунин натрий, магний, калтсий, оҳан, фосфор мушоҳида мегардад.

Хусусиятҳои шифобахшии шалғам ҳанӯз ба табибони халқии қадим - Дисқуридус(Декарт), Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино маълум буд. Аз рӯи гуфтаи Сино, марҳаме, ки аз тухми шалғам тайёр карда мешавад, варами қадкашакро мегардонад. Шалғам инчунин ба бемориҳои гурда, чашм ва қафаси сина шифо мебахшад.

Шалғами пухташуда серғизо, барҳамдиҳандаи сулфа ва мулоимкунандаи синаву шикам аст. Қувватдиҳандаи чашм ва иштиҳооваранда мебошад. Решаҳои борики онро майда карда, бо асал бихӯранд, ба сипурз ва душворпешобкунӣ муфид аст. Пухтаи он боз несткунандаи варамҳост. Барг, бех ва тухми кӯфташудаи он, ки бо сирко омехта шудааст, хушхӯр ва бартарафкунандаи ғубор, рутубат, намигӣ дар рӯдаҳо ва даруни шикам аст. Табибони халқӣ шарбати шалғамро давои хуби зангила (ӣинга) меҳисобанд. Шалғамоба қотеъи балғам аст. Ба шахсони гирифтори сулфа ва диққи нафас хеле нафъ мебахшад.

Корафтодагон мегӯянд, ки шалғам, ҳатто, барои табобати касалии сил (туберкулёз) муфид аст: барои ин шалғамро хурд-хурд реза карда, онро то пухтанаш бо шир ҷӯшонда, давоми як моҳ аз ҳамин хӯрок истеъмол кардан лозим аст. Бояд гуфт, ки ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҳозима хӯрдани шалғам зарар дорад.

Таҳияи
Алиҷон Олимов,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh