БАРОЯТ, ЭЙ ВАТАН, ҶОНАМ ФИДО БОД, - мегӯяд сержанти калон Абдуҷалил Ёқубҷонов

Ҳар як шахс Ватан дорад ва дар он худ ба камол мерасад. Аз ҳамин ҷост, ки Ватанро Модар мегӯянд. Чӣ хеле ки Модар барои инсон азиз аст, Ватан низ барои ҳар як шахс мӯътабар аст. Муҳофизати Ватан бошад, қарзи инсонии ҳар як шахс мебошад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии кишвар чунон нерӯманд шуд, ки тавонист, якпорчагии кишвар, сарҳад ва сулҳу суботро дар мамлакат ҳифз намояд. Бешак, ҳамаи ин аз хизмати софдилонаи ҷавонони бонангу номуси мамлакат аст.

Абдуҷалил Ёқубҷонов ба наздикӣ аз хизмати Модар - Ватан омадааст. Ҷавонписар ихтиёрӣ дар қисми ҳарбии 0121, комендатураи алоҳидаи сарҳади махсуси фармондиҳии ротаи комендантии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

- Хизмати Ватан – Модар дар ҳақиқат мактаби мардонагӣ будааст. Давоми ду соли хизмати ҳарбӣ тавонистам, аз як тараф, қарзи шаҳрвандиамро ба ҷо орам, аз тарафи дигар дарси шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ омӯхта, аз сарбози қаторӣ то ба рутбаи сержанти калон расам. Командири ротаи қисми ҳарбӣ Тоҳир Абдураҳмонов ҳамеша даъватшудагонро ҳушдор медоданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби обутоби ҳаёт асту ҷавонон бояд ҳар лаҳза барои дифои марзу буми Ватани худ омода бошанд. Ман низ дар қатори даҳҳо ҷавонмарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ мегӯям, ки «бароят, эй Ватан, ҷонам фидо бод!».

Дар машғулиятҳои тирандозию норинҷакандозӣ, сафороӣ тирандозӣ ва омӯзиши пулемёт мо тавонистем, мактаби ҳарбиро пурра омӯхта, барои дифои Ватан омода шавем. Дар баробари ин одобу рафтор, кирдору гуфтор, ҷаҳонбинии ману ҳамхизматонам куллан дигар шуд. Дӯст доштани Ватан, падару модар, ёру дӯст, наздикону пайвандонро маҳз ҳангоми дар хизмати ҳарбӣ буданам ба маънои томаш дарк кардам.

Умед дорам, ки соли минбаъда ба шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, ба қуллаҳои баланди дониш расам, - гуфт сержант Ёқубҷонов.

Командири взводи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Амиршоев иброз медорад, ки шароити будубоши аскарон дар қисмҳои ҳарбӣ хуб буда, онҳо аз тамоми имкониятҳои замонавии муосир бархурдоранд. Баъди итмоми машғулиятҳои таълимӣ аскарон аз китобхона, толори варзишӣ ва истироҳатгоҳи замонавии дорои таҷҳизоти техникӣ васеъ истифода мебаранд.

- Илова карданиям, ки Ватан муқаддас аст. Дифои он бошад, муқаддастар. Ҳар фарде, ки ифтихори ватандорӣ дорад, бояд дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи диёр омода бошад. Ҷавонписарони далеру шуҷои кишварро мебояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва дӯстдории марзу буми хеш ҳимоятгари Ватан бошанд, - иброз дошт Самандар Амиршоев.

Ш.КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh