Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард

20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнат Баҳридин Ахмедов ва Хосият Зокироваро аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пирони рўзгордида ёдоварӣ намуда, афзуд, ки зиндагиномаи шахсиятҳои маъруф мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ҳаёту фаъолияти онҳо барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқату хизмат ба Ватан амри зарурӣ аст.

Ёдовар бояд шуд, ки Баҳриддин Ахмедов баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ гардида, ӯро 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи  якуми Шўрои депутатҳои меҳнаткашони  вилояти Ленинобод котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят  интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурд. Баҳриддин Ахмедов дар муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои  хоҷагии халқи вилоят саҳми  арзанда гузошт.

Хосият Зокирова бошад аз соли 1971 то соли 2002 дар вазифаҳои мухталифи Ҳукумати вилояти Суғд кор карда, 58 соли умри хешро сарфи фаълият дар умури давлатӣ намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh