Захираи озуқа - анъанаи миллӣ

Анъанаи неки тоҷикон, ки аз рӯзгори бостон барои мо мондааст, захира кардани маҳсулоти барои рӯзгор зарурист. Захираи озуқа ҳама вақт барои оянда нигоҳдорӣ шуда, вақти эҳтиёҷ аз он истифода мебаранд. Дар солномаҳои таърихӣ маълумот дар бораи захираи неъматҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров маълумоте оварда шудааст, ки дар Суғди Самарқанд бинобар хеле фаровон будани ангур шароби бисёре дар ҳавлиҳои боён солҳо нигоҳ дошта мешуд.

Дар давраи ҳукмронии Хохоманишиҳо бошад, захираи гандуму дигар ғалладонагиҳо аз ҳисоби аҳолӣ ҷамъоварӣ шуда, дар анбор нигоҳдорӣ мешуд. Дар хонаи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аст, дар яке аз хонаҳо чор хуми калон ҳаст, ки дар онҳо гандум, шолӣ, равған ва об нигаҳдорӣ шудааст. Намунаи захираи маҳсулоти гӯштӣ: хушконидану дар равған бирён кардани гӯшти қоқи намакин, ғалладонагиҳо, аз қабили мошу лӯбиё, нахӯд, ҷуворимакка ва нони хушк неъматҳоеанд, ки дар хонадони мардум нигаҳдорӣ мешуданд.

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ва ҷавоб додан ба суоли «Оё захира доред?» ба сокинони шаҳру навоҳӣ муроҷиат намудем.

Бисолеҳа Махсумова - сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ:

- Аз рӯзе, ки худро мешиносам, медонам, ки падару модарам барои зимистонгузаронӣ ҳанӯз аз оғози фасли баҳор омодагӣ медиданд. Дар ёд дорам, ки азбаски таҳхона надоштем, захираи анвои хӯрданиро падарам чуқурии калоне кофта, дар хумҳо ҷо дода, болояшро бо хок мепӯшониданд. Он то дер нигоҳ дошта шуда, сифаташ тағйир намеёфт. Захираи озуқаи мо то аввалҳои фасли тобистон, айёми пухтарасии ҳосили нав бемалол мерасид. Мо аз бозор танҳо қанду набот, намаку боз чанде маҳсулоти ниёзи аввал мегирифтему халос. Дар оила нӯҳ фарзанд – чаҳор писару панҷ духтар будем. Албатта, хӯрондану пӯшондани оилаи калон барои падару модарам мушкил буд. Бо вуҷуди ин ҳамеша дар хонаамон захира буд. Сақфи ду хона, ки хонаи «меваҳо»-ю хонаи «ангурдор» мегуфтем, аз захираи себу нок, анору ангур пур буд. Падарам ҳангоми ҳосилғундорӣ таъкид мекарданд, ки ҳамаи меваҳоро албатта, бо чӯбакаш аз дарахт канем. Баъди ба навъҳо ҷудо кардан ба чӯбаки меваҳо ресмон баста, онро ба сақфи хона, ки аз мехчаҳо пур буд, меовехтем ва осуда будем, ки мо гурусна нахоҳем монд. Ин анъанаи падару модарамро ман ҳамеша дар ёд нигоҳ медоштам ва имрӯз онро идома медиҳам. Зеро захира кардан, аз як тараф, барои дилпурӣ бошад, аз тарафи дигар, тамоми сол анвои хӯрданӣ дар хонадон муҳайёст.

Абдукарим Абдуқаюмов – нонво аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Нон. Баробари ба забон овардани ин калима дар пеши назари мо неъмати қиматтарини дунё падидор мешавад, зеро онро аз замонҳои қадим одамон, аз ҷумла аҷдодони мо азиз медоштанд. Нон неъмати муқаддас аст. Бе нон на хушбахтӣ ҳасту на ҳаёт. Имрӯз истеъмолкунандагон нону кулчаҳои гуногунро аз дӯкону мағоза ва бозорҳо харида, ҳатто баъзе намедонанд, ки то ба дасти онҳо расидан ин неъмати зиндагӣ чӣ қадар роҳи душворро тай мекунад. Бо азобҳои зиёде нон шоҳи дастархон шудааст. Мутаассифона, баъзеҳо аксар вақт фаромӯш мекунанд, ки нон бо чӣ гуна душвориҳо ба даст меояд. Онро аз миқдори зарурӣ зиёд мехаранд, нонрезаро ба партовқуттӣ мепартоянд, ба чорво медиҳанд. Азбаски аҳли оила нонво ҳастем, бештар нонҳои обаш гурехтаро, ки ба фурӯш намераванд, бозпас мегирем. Онро ба қисмҳои хурд-хурд бурида, хушк мекунем ва барои оянда нигоҳ медорем. Охир, аз нони қоқ хуришҳои гуногун тайёр кардан мумкин аст. Ҳамсарам барои фарзандон махсусан дар фасли зимистон пироги себдор, кулчаи панирӣ, кулчаи тухмдор, нони бирён бо панир, хуриши картошкагӣ бо нон ва дигар намуди таомҳоро омода месозад. Модарам мегӯянд, ки агар дар хона орду равған бошад, ҳеҷ гоҳ гурусна нахоҳӣ монд. Бинобар он ин намуди маҳсулотро ҳамеша захира менамоям.

Соҷида Миркамолова – соҳибхоназан аз ноҳияи Конибодом:

- Тобистону тирамоҳ фаслҳоест, ки тамоми меваю сабзавот мепазанду дастархони мардум ба шарофати он хеле обод мегардад. Хушбахтона, Тоҷикистон кишварест, ки бо тамоми нозу неъматҳояш машҳури ҷаҳониён гаштааст. Таъми меваҳои шаҳдбору сабзавоти сервитамини онро дар ҳамаи фаслҳои сол чашидан мумкин аст. Барои ин кадбонуҳои моҳирро мебояд, ки захира намоянд.

Рафҳои таҳхонаи ҳавлии мо аллакай бо намудҳои гуногуни консерва пур аст. Зеро аз оғози фасли тобистон мо ҳамроҳи арӯсону духтарон барои захира кардани меваю сабзавот ва дигар полезиҳо тариқи консерва ҳаракат менамоем. Шарбату мураббои зардолую олуча, шафтолую марминҷон, ангуру себ, гелосу шоҳтут ва дигар мевагиҳоро дар зарфҳо захира намудаем. Инчунин, помидору бодиринг, караму қаламфури булғорӣ, ки тариқи консерва нигоҳдорӣ мешаванд, аз як тараф, агар ҳамчун хуриш истифода шавад, аз тарафи дигар, ҳар яке дар алоҳидагӣ хусусиятҳои давогӣ дошта, барои организми инсон муфид аст. Боқило сабзавотест, ки тамоми фаслҳои сол онро истеъмол кардан муфид аст, агар дар зарфҳо консерва шуда бошад. Хуриши хушлаззате, ки аз боқилою сабзӣ, помидору қаланфури булғорӣ, равғану лӯбиё омода мешавад, таоми тайёрест ҳангоми зарурат.

Эркин Бойбӯтаев – иҷоракори Хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Азбаски деҳқонзода ҳастам, ҳамеша дар ҳавлиамон барои эҳтиёҷоти аҳли оила захираи шолиро нигоҳ медорам. Аз оғози фасли тобистон ҳамсарам ҳамроҳи фарзандонам аз тамоми мевагиҳо ва сабзавоту полезиҳо дар зарфҳои шишагӣ консерва мекунанд. Агар онҳо барои истеъмоли ҳаррӯза дар фасли сармо истифода шаванд, захираи шолӣ сарфи эҳтиёҷоти дигари рӯзгор мешавад. Зеро аз як тонна шолӣ 650 - 700 килограмм биринҷ ба даст овардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ биринҷро ба бозор бароварда, аз маблағи бадастомада чизҳои барои рӯзгор лозимаро харидан мумкин аст.

Нигоранда

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh