Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти гармхонаҳо ва ҳолати нашъунамои гулу ниҳолҳо аз КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» боздид намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, Корхонаи давлатии комуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд дорои 8 гектар замин буда, айни замон дар панҷ адад гармхонаи он навъҳои гулу ниҳолҳои ардач, каталпа, бирючина, виола ва амсоли ин парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят аснои боздид барои парвариши гулу ниҳолҳои ороишии мавсимӣ ва дастрассозии онҳо ба мавзеъҳои истироҳативу кӯчаву хиёбонҳо, кабудизоркунии ҷойҳои муқарраршуда дастуру супоришҳо дода, таъкид кард, ки корҳои ободониву кабудизоркунӣ бояд тақвият бахшида шавад.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо вазъи бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ки дар ошёнаҳои якуму дуюми он маркази ташхисиву ҷарроҳӣ таъсис дода мешавад, шинос гардид. Бинои баландошёна бо саҳми соҳибкорони ватанӣ қомат афрохта, тибқи нақша дар маркази ташхисиву ҷарроҳӣ то 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкоронро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карда, зикр дошт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст. Дар ин ҷода саҳми бахши хусусӣ низ назаррас буда, дар вилоят теъдоди зиёди марказҳои ташхисию табобатии хусусӣ фаъолият бурда истодаанд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз Маркази саратоншиносии вилояти Суғд боздид намуд. Ёдовар бояд шуд, ки дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои нави шуъбаи нурафканӣ бунёд гардида, бо дастгирии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” харидорӣ ва насб карда шудааст. Бунёд ва ҷиҳозонидани шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти муосири тиббӣ имкон дод, ки беморон дар дохили вилоят табобат гиранд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳуҷраҳои табобатии марказ дидан карда, бо сокиноне, ки айни ҳол таботат гирифта истодаанд, суҳбат анҷом дода, ба онҳо шифои комил хост. Ба табибон барои муолиҷаву табобати беморон, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хиҳматрасониҳо ва таъмини беморон бо ғизои хушсифат тавсияҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh