СИҲАТИИ МАРДУМ - ГАВҲАРИ НОЁБ

Дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Халқии Хитой паҳн гардидани вируси коруно ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Зеро ин вабои аср тамоми дунёро фаро гирифта, мардуми зиёд қурбони он гардиданд. Аз сабаби тамоми ҷаҳонро фаро гирифтани ин вабо Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ онро пандемия эълон кард. Паҳн гардидани ин беморӣ боз як бори дигар нишон дод, ки тамоми мутахассисони ҷаҳон дар роҳи муолиҷаи ин вируси бо дидан назарногир ноилоҷ монданд.

Бемории вируси коруно ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел - май ворид гардид ва нафарони зиёде ба ин беморӣ мубтало гардиданд. Айни ҳол даври дуюми бемории коруно дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Баҳри пешгирӣ намудани бемории мазкур дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодааст. Бино ба гуфти муовини раиси ҷамоат Раъно Холматова, корҳои зиёде ба сомон расонида шуд.

Дар даври аввали беморӣ сокинони ҷамоат дар худи беморхонаи ҷамоати Ёва табобат гирифта буданд. Айни замон сокинони ноҳия, ки ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, дар беморхонаҳои Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ва беморхонаи вилоятӣ дар муолиҷаанд. Аз оғози паҳн гардидани бемор коруно дар ҷамоат 14 нафар беморон фавтидаанд. Айни замон дар ҷамоат баҳри пешгирӣ намудани беморӣ дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Fафуров Зариф Назирӣ «Дар бораи ба роҳ мондани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии каронавирус» қарори раиси ҷамоат ба тавсиб расида, дар ин замина ҳайати ситоди ҷамоатӣ ва нақша - чорабинӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ тасдиқ карда шудааст. Бояд зикр кард, ки гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи ҷамоат, соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷамоат барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус оид ба масъалаи дарёфт намудани беморон, азназаргузаронӣ тариқи «хона ба хона» корбарӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин, бо дастгирии раиси ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Ёва гипрохлориди натрий дастрас карда шуда, дар тамоми маҳаллаҳо ва кӯчаҳои ҷамоат безараргардонӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳамчунин, соҳибкорону сокинон низ бо роҳи худ баҳри безарар намудани кӯчаву хиёбонҳо кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh