Шаҳристон: Меҳнати софдилонаю суботкорона

Вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят аз ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҷиҳати ободу зебо намудани шаҳру навоҳӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки бунёди биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи фарҳангу маориф ва тандурустӣ аз қабили чунин иқдомҳост.

Тавре, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардидааст, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва барои расидан ба ин мақсад тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда мешаванд.

Маҳз, ба хотири таъмини шароити хубу мусоид ва арзандаи кору зиндагӣ барои шаҳрвандон имрӯзҳо дар вилоят низ чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иқдомҳои бузурги ободониву созандагӣ вусъати бештар мегиранд.

Бахусус, бунёди шаҳраку маҳаллаҳои нави замонавӣ ва биноҳои истиқоматӣ аз иқдомҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чанд соли охир ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҳамовозии гарм пайдо кардаанд.

Дар ноҳияи Шаҳристон низ бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, таъмир ва азнавсозии зиёда аз 112 бино ва иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 76 иншоот, аз қабили муассисаи таълимӣ, фарҳангӣ, яъне Қасри фарҳанг, муассисаи тиббӣ, дорухона, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ ва дигар иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин, бахшида ба ҷашн чандин тадбирҳои дигар, аз он ҷумла мумфаршкунии роҳҳову чароғонкунии кӯчаҳо ба анҷом расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2020 сохтмони 40 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати якуми сентябри соли ҷорӣ 37 иншоот ба истифода дода шуд. Айни замон аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон сохтмони якчанд иншоот бомаром идома доранд. Аз ҷумла, корҳои сохтмонии бинои гимназия дар маркази ноҳия барои 400 нафар хонанда сохта шуда истодааст. Бинои мазкур дуошёна буда, зиёда аз 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудааст. Дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ташаббуси соҳибкор Санҷар Ортиқбоев сохтмони бинои мағоза, дар деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Шаҳристон, дар қади шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе бо ташаббуси соҳибкор Набиҷон Пӯлодов нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз тарафи соҳибкор Анвар Ҳотамов бинои мағоза мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ошхона низ ба мусофирон, сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё буда, 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Сокинони заҳматкаши ноҳияи Шаҳристон чун дигар сокинони кишвар ҳадафҳои неку созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба рушди мамлакат ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд, бо ҳамовозии баланд истиқбол намуда, ҳамзамон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси вилоят бо меҳру самимият барои обод кардани диёри худ камари ҳиммат бастаанд.

Вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорону сокинони ин ноҳияи кӯҳистон азм доранд, ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, ин гӯшаи диёрро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh