Ҳадаф: Омода намудани мутахассисон ба сафи Артиши Миллӣ

Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд баҳри тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонону наврасон, алалхусус байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ бо иштироки собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишӣ ва чорабиниҳои тарғиботию тарбиявӣ барои ҷавонону наврасонро амалӣ менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кормандони ин мактаб низ барои ташкил ва баргузории чорабиниҳову мусобиқаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумлаи чорабиниҳо шинос намудани ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар қисмҳои низомӣ, вохӯрии ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал ва муҳофизатгарони сохти конститутсионӣ, ҷамъомад дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст» ба ҳисоб мераванд.

Зимни суҳбат муовини сардори мактаб Ғуфрон Воҳидов қайд намуд, ки мактаб асосан сарбозони оянда ва ронандагони касбиро, ки барои - қувваҳои Мусаллаҳ ва соҳаҳои хоҷагии халқ лозим аст, омода менамояд. Ин даргоҳ аз базаи техникӣ бой буда, дорои машқгоҳҳои автомобилии “Автодром”, обии “Вододром”, утоқҳои кории “ЛПЗ - ТО”, синфхонаи радиотехникӣ ва бунгоҳи тиббӣ буда, барои босифат гузаронидани дарсҳо мусоидат менамояд. Мақсади ягонаи ин мактаб омода намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи артиш мебошад. Ҷавононро дар риштаи ронандаи дараҷаҳои “С” ва “В” ва алоқачӣ омода менамояд.

- То имрӯз дар мактаби муттаҳидаи техникӣ 90 нафар аз шаҳру навоҳии вилоят касби ронандагиро омӯхта, барои хизмат дар сафи Артиш омода мебошанд. Инчунин, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 40 ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 120 нафар ҷавонони синни даъватӣ ба таҳсил фаро гирифта, соҳиби шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” гардида, дар рӯзи аввали гусел наваскарон ба сафи артиш шомил мегарданд, - гуфт Ғуфрон Воҳидов.

Барои сарбозони оянда то имрӯз устодони соҳибтаҷриба, ба монанди А.Қаюмов, Ф.Наҷмиддинов, К.Латифов, А.Воҳидов, А.Мӯҳсинов, И.Мадазимов, Т.Шукуров ва дигарҳо дарс гузашта, аз таҷрибаи бойи худ барои бедор сохтани ҳисси ватандӯстии ҷавонон қисса мекунанд.

Ҳусейнбой Ҷабборов, Меҳрозбек Бобохонов аз ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов ва Исмоилу Мирсалимҷон аз шаҳри Гулистон буда, чанд муддат дар ин мактаб ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Онҳо барои ба хизмати Модар - Ватан рафтан ба ин мактаб омадаанд, то аз нозукиҳои қадамзанӣ ва яроқдориву тирпарронӣ огоҳӣ пайдо намоянд. Шароити таҳсил хуб буда, техникаву таҷҳизоти заруриро то ин вақт истифода бурданд ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, ба хизмат омодаанд.

Масъулини мактаб ҷавононро ҳамаҷиҳата барои хизмат омода намуда, барои онҳо дарсҳои назариявӣ ва амалиро низ гузаштаанд. Бештар ба мусобиқаҳои варзишӣ машғул мешаванд, то аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh