ЧАРО НАРХИ ДОРУВОРИИ ЗИДДИҲОРӢ ГАРОН АСТ?

Ё чаро нархи фурӯши доруҳо аз назорат дур мондаанд?

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилоят давоми шаш моҳи соли 2020 дар миқёси вилоят 2048 ҳодисаи захмдоршавии шаҳрвандон аз газидани ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 440 ҳодиса кам мебошад.

Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, алалхусус дар назди партовгоҳҳо шумораи зиёди сагони бесоҳибро дидан мумкин аст, ки касро ба тарс меорад. Сагон аз назорат дур мондаанду дар ҳолати бе маводи ғизоӣ мондан ба роҳгузарон ҳамла карданашон аз эҳтимол дур нест. Чунин ҳолат дар рӯ ба рӯи Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ ва шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир, ки чанд мудат инҷониб барои сохтмони бинои истиқоматӣ пешбинӣ шудааст, ба чашм мерасад. Бегоҳ он мавзеъ ба хонаи сагони калони бадҳайбат мубаддал мегардад.       

Субҳи имрӯз, санаи 14 – уми августи соли равон, соати 7 – 30 дақиқа дар наздикии беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд, зани 51 сола М.О. аз саги номаълум осеб дидааст. Занро дар беморхонаи шаҳрӣ ҷой карданд ва ёрии аввали тиббӣ расонида шуд.

Боиси қайд аст, ки бинобар газидани саги номаълум ба зан 3 намуди доруи зиддиҳорӣ, аз ҷумла иммуноглобулини зидди ҳорӣ 5 ампула бо усули Безредко, ваксинаи зидди ҳорӣ 1,0 детовири №3 ва АС - 0,5 дорухат навишта дода шуд. Дастрас кардани дорувориҳои мазкур ба аҳли оилаи аз саг осебдида мушкил гардид, зеро дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд ин намуд дорувориҳо дарёфт нагардид.

Ниҳоят дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд дорувории иммуноглобулини зидди ҳорӣ 10 ампула бо усули Безредко аз дорухонаи ҶДММ «Азияфарм» дарёфт гардид, ки маблағи он 5225 сомониро ташкил дод. Азбаски оилаи захмдида зиндагии миёнаҳолона доранд барои харидани доруворӣ маблағи кофӣ дарёфт карда натавонистанд.

Суоле ба миён меоянд, ки наход 5 ампула доруворӣ чунин арзиши гарон  дошта бошад? Фурӯшандагон ва соҳибони дорухонаҳо чунин нархҳои осмонкафро аз куҷо дарёфтанд?  

Нисбат ба ҳодисаи мазкур ба сардори маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова тариқи телефон муроҷиат кардем. Тахмина Усмонова гуфт, ки дорувориҳои мазкур ҳоло дар шаҳр дастрас нест.

Бино ба иттилоъи корманди марказ Савобиддин Каромаддинов то ба имрӯз саги сафед, ки онро дастгир кардан ғайриимкон гардидааст ба се нафар осеб расонидааст ва ин ҳодисаи чорум мебошад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз барои нафароне, ки аз саг осеб дидаанд дорувории зарурӣ дастрас нест. Дар ҳолати аз ҳайвонҳои хонагӣ ва бесоҳиб осеб дидани шаҳрвандон чӣ кор бояд кунанд? Саривақт нагирифтани ваксинаи зидди бемории ҳорӣ оқибатҳои нохушро ба бор меорад. 

Ёдрас мешавем, ки сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ Рустам Бӯрибоев дар як сӯҳбат доир ба оқибат ва нишонаи бемории ҳорӣ гуфта буд:

- Нафареро, ки саг ва ё дигар ҳайвон газидааст, бояд зуд ба духтур муроҷиат карда, сари вақт сӯзандоруро гирифта, дорувории тавсияшударо истеъмол кунад. Бемории ҳорӣ асосан бо луоби даҳони саги бемор ба инсон мегузарад ва пайдошавии беморӣ аз ҷойи газида вобаста аст. Агар ҷойи газидаи саг аз системаи марказии асаб дур бошад, ҳамон қадар давраи гузариш тӯл мекашад, табобат то 6 моҳ идома ёфтанаш мумкин аст. Агар нафаре, ки аз саг ва дигар ҳайвонҳо осеб дидааст зуд ба духтур муроҷиат намояд оқбатҳои ногувори онро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Суоли матраҳ ин аст, модоме ки нархи ин намуд дорувориҳо арзиши гарон доранд, нафароне, ки барои дастас кардани он имконият надоранд чӣ тавр метавонанд шифо ёбанд? Масъулинро мебояд сари масъалаи зери назорат гирифтани фурӯш ва нархи маводи доруворӣ андешид, зеро чунон вонамуд мешавад, ки фурӯши доруҳо ба тиҷорат мубаддал ёфтаасту ашхоси ночору нотавон ба харидани дорувории лозима дастрасӣ нахоҳанд дошт! Агар дар вилоят дастрас кардани дорувории мазкур ғайриимкон бошад, пас масъулини маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологиро мебояд сари вақт нисбат ба несту нобуд кардани сагу гурбаҳои дайду чораҳои мушаххас андешанд.     

Шаҳбонуи СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh