Амали хайру савоби соҳибкорони муҳоҷир

- Бинобар паҳн шудани бемории сироятии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон, баста шудани сарҳадҳо ва муваққатан манъ гардидани рафтуомад, оғоз аз нимаи дуюми моҳи марти соли равон бақайдгирии муҳоҷирон дар бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва Истгоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор муваққатан қатъ гардид. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, то баста шудани сарҳадҳо аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд ҳамагӣ 30 ҳазору 513 нафар ба хориҷа сафар карданд, ки аз онҳо 7 ҳазору 153 нафар зан ва 23 ҳазору 360 нафар мард мебошанд. Аз миқдори умумӣ 29 ҳазору 367 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ буда, ҳазору 146 нафари боқимонда бо мақсадҳои гуногун қаламрави вилоятро тарк намудаанд, - иброз дошт дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова.

Бояд гуфт, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 ҶДММ «Мирзо ва К» дар мувофиқа бо раёсат 244 нафар ва ҶДММ «Олами саёҳат» 20 нафар, ҳамагӣ 264 нафар муҳоҷири меҳнатиро дар Федератсияи Россия бо кор таъмин намуданд. Дар ин радиф метавон субъекти хоҷагидори «Суғдиён Помир-тур»-ро низ номбар кард, ки 150 нафар муҳоҷирро муташаккилона ба хориҷа сафарбар намуд. Дар умум, аз хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор соли равон 414 нафар баҳравар шуданд.

Соли равон ҳам дар самти ҷамъ овардани маълумоти муфассал доир ба ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бунёди иншоот, ғамхорӣ нисбат ба ҳамватанон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда доранд, корбарӣ намуда, рӯйхати онҳо омода гардид. Боиси қайд аст, ки хатари ба сари аҳли ҷомеа омада соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзиамонро бетараф нагузошт ва онҳо дар муҳоҷират қарор дошта бошанд ҳам, амалҳои хайру савобро дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан дигар шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки раёсат дар самти бурдани корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар радифи Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» бо ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек», «Зан ва ҷомеа», «Хуршеди зиндагӣ», «Чашмаи ҳаёт» ва «ХЕЛВЕТАС» ҳамкории доимӣ дорад.

Давоми соли 2020 дар миқёси вилоят кӯчонидани 76 оилаи муҳоҷирони дохилӣ - аз шаҳру ноҳияҳои Исфара 10 оила, Кӯҳистони Мастчоҳ 30 оила ба ноҳияи Данғара, аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 25 оила ва аз ноҳияи Спитамен ба мавзеи Ҳаштяки ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт ҷараён дорад.

Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма ба масъулини соҳа суол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh