Дастгирии духтарони ниёзманд ва ҳунарманд

- Дар қаламрави вилоят аз 1 миллиону 346,6 нафар зану духтар 9726 нафар зани роҳбарикунанда ва 1267 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд. Аз ҳисоби занон 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 908 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардидаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки алҳол 40 ҳазор нафар духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, ки беш аз 507 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омӯзиш буда, 60 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 68 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят мебошанд.

- Боиси зикр аст, ки имрӯз барои дастгирии 225 нафар ятимдухтар ва бо таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо аз тарафи роҳбарияти вилоят ва раёсат корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодаанд. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таълими донишҷӯён ҷудо мешавад, асосан барои ин духтарон сафарбар ва роҳандозӣ мешавад, - таъкид кард Хуршедахон Хоҷазода.

Оид ба таъмин намудани занони бекор бо ҷойи кори доимӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳамҷоя бо Раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 6593 нафар зане, ки муроҷиат кардаанд, 3484 нафар ҳамчун корҷӯянда, ба 2014 нафар зан мақоми бекорӣ дода шуд. Баробари ин 2292 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 930 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

- Бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи кишвар қарор дорад, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст. Алҳол 49 нафар зану духтари ҳунарманди вилоят ба озмуни Гранти Президентӣ барои соли 2020 лоиҳаҳои худро пешниҳод намудаанд, - афзуд номбурда.

Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ доир ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, оид ба фаъолияти занон ва оила, зӯроварӣ дар оила, чораҷӯӣ оид ба занони бадроҳа, андешидани чораҳои пешгирии бемории сироятии COVID – 19 дар занони ҳомиладор, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, бо таълим фаро гирифтани духтарони дар деҳаҳои дурдастбуда ва амсоли ин мавриди баррасӣ ва саволу ҷавоб бо рӯзноманигорон баргузор гардид.

Ш.СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh