Кӯмакпулии ҳармоҳа пешбинӣ гардидааст

Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2020, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки намояндагони соҳа ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид. Дар он оид ба натиҷаҳои фаъолият давоми давраи муайянгардида маълумот дода шуд.

Қайд гардид, ки давоми шашмоҳаи аввал барои моҳҳои январ-апрели соли 2020 аз ҷониби комиссияҳои 9 шаҳру ноҳияи вилоят ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 27988 оила ва шаҳрвандони камбизоат дархости молиявӣ фиристода шуда, 4 миллиону 249 ҳазору 355 сомонӣ маблағи ҷуброни барқ пардохт шудааст. Ба ҳолати 1-уми июли ҳамин сол 34061 оила аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шудаанд. Дар ин давра кӯмакпулӣ ба маблағи 5 миллиону 464 ҳазору 200 сомонӣ пардохт гардид. То имрӯз дар вилояти Суғд ҳамагӣ 62049 оила ва шаҳрвандон ҳамчун оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин раванд давоми нимсолаи аввал аз ҷониби шуъба ба 20 нафар ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ба 41 нафар, аз ҷумла ба 61 нафар маъюби эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ, 12 нафар бо асо, 6 нафар бо асобағал, 2 нафар бо роҳравак, 13 нафар бо асои оринҷӣ, 300 нафар бо пойафзоли махсус ва ортопедӣ, 73 нафар бо протез таъмин гардиданд, ки дар маҷмуъ ба 600 маъюб хизмат расонда шуд.

Боиси қайд аст, ки дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент» 67 нафар, дар муассисаи давлатии «Хона – интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» 288 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд. Дар Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Деваштич 180 нафар пиронсолу маъюбон будубош доранд. Ҳамчунин, дар 14 шаҳру навоҳӣ шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона фаъолият дошта, 225 корманди иҷтимоӣ ба 1850 нафар шахсони яккаву танҳо, пиронсолон ва маъюбон хизмат мерасонанд.

Дар асоси қарорҳои Раиси вилоят аз 6-уми январи соли 2020 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд, ҳар моҳ ба андозаи 80 сомонӣ, ба маъюбони Артиши Шӯравӣ ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил кӯмакпулии ҳармоҳа ба андозаи 80 сомонӣ пешбинӣ гардида, барои моҳи январ – июни соли 2020 ба маблағи 736 ҳазору 300 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардид. Ҳамчунин, давоми нимсолаи аввал ба 159 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 184440 сомонӣ ҷубронпулӣ ворид ва пардохт шуд.

Саволу ҷавоб бо рӯзноманигорон анҷомбахши нишасти матбуотӣ буд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh