Вазъи пандемияи ҷаҳонӣ ба соҳоти мухталиф таъсири манфии худро гузошт

Дар бинои КФ КВД «Почтаи Тоҷикистон» бо роҳбарону масъулини сохторҳои марбут ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии Олим Очилзода бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зикр шуд, ки дар ин давра тавассути маҷмӯи нақлиёт беш аз 12 миллиону 930 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қариб 83 миллион мусофир кашонида шуд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути қатораҳо беш аз 64 ҳазор тонна мебошад, ки ин нисбат ба соли сипарӣ қариб 8 тонна зиёд мебошад.

Дар бобати таъмиру асфалтпӯшкунии роҳҳо гуфта шуд, ки соли равон, тибқи дурнамо, таъмиру тармими 2330 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷумла 163 километр таъмири асосӣ, 917 километр таъмири ҷорӣ, 1250 километр шағалпӯш мегардад. Баҳри иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои марбута зиёда аз 97 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ба санаи 1 июли соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят 1125,2 километр роҳ аз таъмир бароварда шудаанд, ки аз он қариб 54 километр аз таъмири асосӣ, 450,6 километр таъмири ҷорӣ ва 620,7 километр раҳ шағалпӯш шуданд.

Ҳамзамон, оид ба фаъолияти филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилоят дар нимсолаи аввали соли равон маълумот дода, масъулин изҳор доштанд, ки ба 1-уми январи соли 2020 маблағи қарзи дебиторӣ 2 миллиону 136 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1-уми июли соли равон ба 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ расида, наздик 10 фоиз зиёд гардидааст.

Миқдори хатсайрҳои хизматрасонидашудаи Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд низ дар шаш моҳи соли равон нисбатан паст буда, масъулин сабаби асосии кам гардидани миқдори хатсайрҳо, шумораи мусофирон ва даромаднокии корхонаро паҳн шудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон ва дар ин самт аз санаи 18-уми март қатъ гардидани тамоми хатсайрҳо медонанд.

Агар хатсайрҳои доимӣ (мунтазам) – 452 адад (дар ҳамин давраи соли 2019 – 1001 адад) бошад, ин нишондиҳанда соли ҷорӣ 549 хатсайр кам аст.

- Аз рақамҳои боло маълум мешавад, ки даромаднокии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ ва хароҷот ба маблағи наздик 11 миллион сомонӣ кам шудааст, - қайд намуд намояндаи фурудгоҳ.

Дар фарҷоми нишаст роҳбарону масъулини сохтору муассисаҳои соҳавӣ ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh