Риояи қоидаҳо зарур аст

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо намояндагони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ВАО доир гардид.

- Алҳол, як шуъбаи вилоятӣ, 18 бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо, 105 сармутахассис дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 134 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва 1739 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар корхонаю ташкилот, муассисаю ширкатҳо ва хоҷагиҳо оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолият мебаранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ҳамагӣ 6229 маъракаву маросим баргузор гардиданд, ки нисбат ба соли 2019 1965 адад кам мебошад. Сабаби кам гардидани тӯю маърака ин бо назардошти пешгирӣ аз бемории коронавирус бинобар манъ гардидани тӯю маъракаҳо аст. Боиси қайд аст, ки давоми шашмоҳаи аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 74 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтанд, ки ин рақамҳо бо нишондоди ҳамин давраи соли 2019 баробар мебошад. - иброз дошт сармутахассиси шуъба Аюбҷон Саъдуллозода.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд иброз дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар вилоят ба 36 нафар кӯдакон ва 5 ҷуфт аз оилаҳои камбизоат хатнасур ва тӯйи хайриявӣ гузаронида шуд. Тибқи банди 2 қарори протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ, барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар қаламрави ҷумҳурӣ аз санаи 20-уми июни соли 2020 баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ дар доираи то 100 нафар бо ташкил намудани танҳо як маърака аз ҳар ду ҷониб бо дарназардошти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемии муқарраргардида, иҷозат дода шуда буд. Бо мақсади иҷрои банди 6-уми нусха аз протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июли соли 2020-ум, таҳти рақами 8 ва барқияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми июли соли 2020-ум бо мақсади пешгирии бемории Ковид-19 баргузории тӯю маъракаҳо дар доираи оила бо иштироки ҳарчи камтари шумораи одамон, бахусус тӯи домодию арӯсӣ дар ҳудуди 30 - 40 нафар тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Вобаста ба иҷроиши қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, санҷиши баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ дар доираи то 30 - 40 нафар бо ташкил намудани танҳо як маърака аз ҳар ду ҷониб дар тӯйхонаҳо, тарабхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ бо дарназардошти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемии муқарраргардида, дар даромадгоҳ гузоштани маводи безараргардонӣ (дизбарер), ҷойи шустани дастон, сачоқҳои истифодабарии яккарата, антисептикҳо, ченкунаки ҳарорат (тепловизор), воридшавӣ ба тӯйхона бо ниқоб, гузоштани мизҳои нишаст бо риояи масофа, хизматрасонии пешхизматон бо ниқоб, дастпӯшакҳо, либоси махсус, дезинфексияи маҳалли баргузории чорабинӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷоми нишаст бо масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят ва тарафи рӯзноманигорон суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳноза Ҳомидова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh