Ирода ва меҳр ғолиб омад

Дирӯз телевизор тамошо карда менишастаму як нафар корманди Маркази саломатии шаҳрии рақами 5 шаҳри Хуҷанд сухан карда, ба мақомоту сохторҳо, аз ҷумла ба роҳбари меҳмонхонаи «Армон-Апард-Отел»-и шаҳри Хуҷанд Зебунисо Солиева баҳри дастгириву кӯмак дар давраи хуруҷи бемории коронавирус изҳори сипос намуд.

Чун аз фаъолияти ин бонуи соҳибкор ҳамчун роҳбари меҳмонхона огоҳ будам, бо ӯ ҳамсуҳбат гардидам.

-Вақти айни хурӯҷи бемории коронавирус дар кишварамон як нафар дугонаам дар омади гап гуфт, ки шавҳараш духтур мебошаду дар беморхонаашон ба ниқобу дастпӯшак ва дигар лавозимот норасогӣ эҳсос мешавад. Ба бештар аз ду ҳазор сомонӣ лавозимоти зарурӣ харидаму ба беморхонаҳо бурдам. Ва фикр кардам, ки бо ин ду ҳазор сомонӣ кор буд намешавад. Дар ин марҳалаи душвори ба сари мардуми кишварамон омада бояд ҳама яктану якҷон бошем.

 Ба шабакаи иҷтимоии интернет ворид гашта, навиштам, ки дар ин айём аксар давлатҳои дунё, ҳатто пешқадамтарину қудратмандтаринҳо ба ин беморӣ илоҷ наёфта истодаанд. Биёед, ҳамаамон аҳлона ба як суратҳисоб маблағ ҷамъ кунем ва ба беморхонаҳо кӯмак намоем. Бовар кунед, ба ин даъват тамоми мардуми диёрамон, ҳатто берун аз ҷумҳуриамон ҳамовоз шуданд. Дар суратҳисоб бештар аз 314 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ гардид.

Аз ин ҳисоб корҷома, ченкунаки ҳарорати бадан, дастгоҳи набзченкунӣ, маҳлули антисептикӣ, дастпӯшак, ниқоб харида, ба беморхона, Марказҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов тақсим намудем.

Албатта, гуфтан лозим аст, ки ба омадани бемории коронавирус ва то ба ин дараҷа хатарнок будани он касе боварӣ надошт. Ҳатто, дар мамолики калонтарину пешрафтатарини олам баҳри пешгирӣ ва рафъи он, тарзи муолиҷаи он як муддат беилоҷ мондан эҳсос гардид.

Шукрона, ки дар кишвари мо зуд ва ба таври фаврӣ дармони ин бемориро ёфтанд ва имрӯз бештар аз ҳафтод фисади беморон шифо ёфтаанд. Албатта, кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Раиси вилоят, Раёсати нигаҳдории тандурустӣ ва дигар сохторҳо дар пешгирӣ, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин гирифтани пеши роҳи паҳншавии ин беморӣ беназир аст. Дар ин кор, яъне дар пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ саҳми худро каме бошад ҳам, гузошта, эҳсос мекунам, ки дар давраи вазнини хурӯҷи пандемия дар канор намондам. Кӯмаку дастгирии мо каме бошад ҳам, дар қалби шифокорон, ононе, ки бо дармонбахшии беморони коронавирус машғул буданд, эҳсоси танҳо набудан, дар вақтҳои мушкилӣ ҳамроҳ буданро бедор намуд.

-Фаъолияти меҳмонхона дар давраи хурӯҷи пандемия дар кадом вазъ қарор дошт?, - пурсон шудам ӯро.

-Бояд гӯям, ки албатта, дар ин давра теъдоди меҳмонон хеле кам шуданд. Вале мо аз ин вазъ рӯҳафтода нашудем. Бо мақсади мусоидат ба саломатии сокинони кишвар, бахусус бонувон, ҳоло Маркази тарзи ҳаёти солим таъсис дода истодаем, ки дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Чӣ маро ба ин кор водор сохт? Бемории коронавирус собит сохт, ки ба меъёри тановули ғизо риоя накардан, бо намудҳои варзиш, аз ҷумла корҳои ҷисмонӣ кам машғул шудан, табобат накардани бемориҳои музмин (хронический) боиси вазнин гаштани ин беморӣ мешудааст. Ман мехоҳам, ҳар як зан солим, тансиҳат бошад, аз ҳаёти худ бо ҷисми солиму сиҳаташ ризоманд бошад. Вақте ҷисми зан сиҳату саломат аст, аз умқи қалбаш хушбахтӣ, ризомандӣ аз ҳаёт ҷӯш зада мебарояд ва вай танқисиву дигар камбудиҳоро эҳсос намекунад. Ана, барои ҳамин саломатии бонувонро ҳадафи худ қарор дода, ба таъсис додани чунин як марказ иқдом намудам.

 Дар марказ бонувони бемориҳои фишори баланди хун, устухондард, қанд, сутунмӯҳра, саратондошта тавассути ғизои солим ва тариқи фаро гирифтан бо машғулиятҳои варзишӣ табобат карда мешаванд. Муддати табобат бисту як рӯз буда, мо давоми як моҳ то сад нафарро бо табобат фаро гирифтанием. Минбаъд ният дорем, ки умуман баҳри пешгирии саломатии бонувон тадбирҳо амалӣ намуда, барои занон, аз оилаҳои ниёзманд табобатро ройгон ба роҳ монем. То ифтитоҳ намудани Маркази тарзи ҳаёти солим бошад, яъне то 1-уми сентябр мо дар маҳалҳо-яъне шаҳру деҳоти вилоят бо бонувон дар бораи гузаронидани тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо семинару корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем.

Рафоат МӮЪМИНОВА

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh