Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди бунёди хонаи баландошёна, ки барои муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ бомаром идома дошта, аллакай 7 ошёнаи он ба итмом расидааст.

 

Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Ҳуҷраҳои бинои сохташаванда барҳаво буда, масоҳати якхонагии он 56 метри мураббаъ, духонагии он 93 метри мураббаъ ва сехонагии он 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Интизор меравад, ки бинои мазкур то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, муҳоҷирони экологӣ соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд.

Ҳамзамон дар ҳудуди бинои мазкур ҷойҳои фароғатӣ, аз ҷумла бунёди майдончаи варзишӣ барои бачагон пешбинӣ шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh