Нодира ЮСУФОВА: Риояи ҳатмии дастурҳо аз беморӣ эмин медорад...

Имрӯзҳо дар бештари мамолики дунё мавҷи нави бемории коронавирус аз нав доман паҳн карда, сокинони кураи арзро ба ташвиш овардааст. Ҳарчанд дар бархе кишварҳо аз ҷониби олимон подзаҳр, яъне дору бар зидди ин беморӣ дарёфт карда шудаву алҳол дар истифода аст, боз ҳам ин беморӣ чун вабои аср барои ҳаёти инсонҳо хатарнок боқӣ мондааст.

Мухбирамон бо духтури оилавии Маркази саломатии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Нодира Юсуфова ҳамсӯҳбат гардида, атрофи ин мавзуъ, яъне нишонаҳо ва сарчашмаи гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он пурсон шуд:

- Ҳарчанд дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дар маркази саломатии мазкур ба сифати табиби оилавӣ бист сол инҷониб фаъолият дорам, бо чунин навъи бемории сироятии зудпаҳншаванда ва бо оқибати фаврии леталӣ - бемории сироятии коронавирус дар таҷрибаи кориам бори аввал рӯ ба рӯ гардидам. Вақте дар кишвари мо охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи май гирифторшавии сокинон ба ин касалӣ ба қайд гирифта шуд, рӯз аз рӯз ба муассисаи табобатии мо муроҷиати беморон афзудан гирифт. Бемуҳобот, чаҳор-панҷ маротиба аз пештара муроҷиати беморон зиёд гардид. Бо ибтикори роҳбарияти муассиса ба меъёри кории бистучаҳорсоата, яъне шабонарӯзӣ гузаштем. Ба кор аз соати ҳашти субҳ омада, то соати 9-и шаб дар хизмати беморон будем. Давоми шаб бошад, духтурону ҳамширагони шафқат бонавбат ба навбатдорӣ меистодем. Табибону ҳамширагони шафқат, кормандони хурди тиббӣ, ягон нафар корманд дар ин давра – яъне хурӯҷи пандемия истироҳат накарданд, ба рухсатӣ набаромаданд. Аз шаш минтақа ва бисту чаҳор кӯчаи ҳудуди хизматрасонии марказ, ҳатто аз дигар минтақаҳои шаҳр ҳар рӯз сокинони зиёд ба мо муроҷиат мекарданд. Сокинон асосан бо нишонаи илтиҳоби шадиди қисми поёнии шушҳо, таби баланд, бархе бо бемадорӣ, сулфаи сахт муроҷиат менамуданд.

Ман, ки донишгоҳи тиббиро бо ихтисоси пизишки бемориҳои дарунӣ, яъне терапевт хатм кардаам, пас аз гӯш карда дидани шушҳо аз рӯзҳои нахуст ба беморон доруҳои левофлоксатсин ва сефтраксонро таъин намудам, ки ин препаратҳо барои илтиҳоби музмини шуш таъин гардидааст. Мушоҳида менамудам, ки ҳолати беморон тадриҷан беҳтар мегардаду давоми се-чаҳор рӯзи қабули ин доруҳо ба по мехезанд. Тадриҷан ба аксари беморон ин доруҳо, ҳамчунин арбидолро таъин мекардагӣ шудем.

Тавре дар раванди табобати коронавирус аён гашт, хусусияти хосаи ин беморӣ дар он будааст, ки ҷараёни ин беморӣ дар рагҳои хунгузари шуш трамбоза, яъне қуюқшавии хунро ба миён меорад ва бо ин сабаб гардиши хун суст мегардад ва ё бозмемонад, ки сабаби фавти бемор мегардад. Яъне аз гирифторӣ ба беморӣ неву аз оризаи он (ослоҷнение) дил аз кор мемонад. Аз ин сабаб мо ба беморон баробари дигар дорувор барои суюқшавии хун малҳами гепаринро тавсия додем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шахсе, ки бемории музмин дорад, аз ҷумла касалии диабети қанд, фишорбаландӣ ё касе, ки сактаи дил ва ё сактаи майнаи сарро аз сар гузаронида бошад, бемориро вазнин мегузаронад. Он шахсоне, ки бемории асабоният (невроз) ва ё камхунӣ доранд, инчунин шахсони иммунитеташон паст, яъне қобилияти ба беморӣ муқобилистии организмашон суст бо нишони пайдоиши ваҳму ҳарос ба беморӣ гирифтор гардиданд. Чунин ҳолат пас аз тамошои телевизион, мутолиаи рӯзномаҳо, аз шабакаҳои иттилоотӣ аз раванди хурӯҷи беморӣ дар ҷаҳон огоҳ гардидан ба амал омадааст.

Бояд гӯям, ки алҳол ин беморӣ пурра аз байн нарафтааст ва хавфи гирифтор шудан то ҳол боқист. Ва мо, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя намоем, бе ниқоб ба кӯча набароем, аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоем, манзиламонро зуд-зуд бо маҳлулҳои безараргардонанда коркард намоем, аз маҳлули антисептикӣ истифода намоем ва тез-тез дастонро бо собун шуста истем.

Барои пешгирӣ аз беморӣ бошад, витаминҳои синк, аскорбиновая кислота, дорувори оромкунандаи асаб истеъмол намоем. Аз ғизоҳо бошад, бояд зикр намоям, ки Тоҷикистони офтобрӯяи мо аз меваҳои шаҳдбор бой аст ва ҳамаи меваҳои сарзамини мо тамоми намудҳои витаминро дороанд. Ҳоло, ки айёми пухта расидани меваҳост, аз меваву сабзавот, нӯшобаҳо аз меваи табиӣ ба таври фаровон истеъмол кунанд. Вале аз истеъмоли нӯшокиҳои газнок ва хунук, инчунин нишастан дар хонае, ки бо кондитсионер хунук карда мешавад, ҳатман худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин, баҳри баланд бардоштани қобилияти муқобилистии ҷисм ба бемориҳо ба дили наҳор истеъмоли як қошуқ асал ва як қошуқ равғани седона хеле баманфиат аст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh