Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд

4 июни соли 2020 дар ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 баргузор гашт.

Дар ҷаласаи ситод, ки бо ҳузури роҳбарияти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардухтурони беморхонаҳо ва раисони ҷамоатҳо ҷараён гирифт, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ситод таъкид карда шуд, ки барои таъмини солимии ҷомеъа аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, ба беморхонаҳо маводи зарурии тиббӣ дастрас гардидааст. Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводи антисептикӣ ба таври кофӣ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботро оид ба пешгирии беморӣ пурзур намоянд. Ба сокинон фаҳмонида шавад, ки аз гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона худдорӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки имрӯз Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он аз тамоми шаҳрвандони мамлакат хоҳиш шудааст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Ҳамзамон аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва сари вақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Сокинонро зарур аст пеш аз ҳама аҳли оилаи худ ва ҷомеаро аз сироятёбӣ эҳтиёт намоянд.
Дар ҷаласаи ситод ҳамчунин ба вазъи корҳои саҳроӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки ноҳияи Айнӣ соли равон нақшаи кишти картошкаро сад фоиз иҷро намудааст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия имсол 1020 гектар картошка кишт карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh