Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Ҳамасола санаи 5 июн дар кишвари мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии муҳити зист ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи табиат, аз ҷумла поку беолоиш нигоҳ доштани муҳит, ҳифзу ҳимоя намудани сарватҳои табиӣ ва дар маҷмуъ, таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Боиси таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Махсусан, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёнгари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои муҳими умумибашарӣ дар ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар замони имрӯза афзоиш ёфтани шумораи аҳолии сайёраи Замин ва зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ инсониятро водор месозад, ки ба масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, хок ва олами наботот аҳамияти бештар зоҳир намояд. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз муҳимтарин роҳҳои таъмини зиндагии шоистаи инсон буда, боло рафтани маърифати экологӣ барои зиндагии осоиштаи ҳар як сокини сайёра  кӯмак мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва дорои табиати беназир шинохта шуда, аз тарафи Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  барои муаррифии манзараҳои нотакрори кишвар ва ба ин восита ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидат мекунад.

Дар миқёси вилоят мавриди амал қарор додани ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи омодагӣ ба ҷашнҳои умумимиллӣ ва дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудааст. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба ин санаи фархунда силсилаи ташаббусҳои наҷиб ба сомон расида истодаанд, ки асоси ҳамаи он ба тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо, ободонии ҳар як шаҳру деҳот, вусъати тоза бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дар маҷмуъ рушду нумӯи Ватани азизамон вобаста мебошад.

Вазъи ҷаҳони имрӯз ва бахусус дар тамоми минтақаҳои олам доман паҳн кардани бемории сироятии коронавирус – COVID-19 бори дигар нишон дод, ки ҳамзистии осоишта ва ҳаёт дар муҳити солиму покиза барои инсоният болотар аз ҳама гуна арзишҳо  арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзу ҳимояи табиати нотакрори кишвар ва таъмини саодату осоиштагии мардум бояд ҳамеша мавриди назари ҳар як узви ҷомеа қарор дошта бошад.

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳити зист кулли дӯстдорони табиат, мутахассисон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, табрику таҳният гуфта, саломатию хотири ҷамъ ва дар иҷрои рисолати касбӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Add comment


Security code
Refresh