Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд

1 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд.

Зимни суҳбат бо хурдсолон Раиси вилоят зикр дошт, ки ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва давлат соябону парастори онҳо мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз наврасон даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, оянда соҳиби касбу ҳунар гарданд. Тавсия дода шуд, ки тарбиятгирандагони мактаб-интернат бояд мунтзам ба китобхонӣ машғул шуда, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, иштирок намоянд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки наврасон дар оянда ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расида, дар пешрафти Ватани соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

Аз тарафи Раиси вилоят барои баланд бардоштани маънавият ва бо мақсади бедор намудани завқи китобхонӣ ба наврасон китобҳои гуногун, либосҳои мавсимӣ ва дигар туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоӣ барои истифода дар вақти сайру саёҳат микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter туҳфа карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh