Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии оилаҳои ниёзманд ва шахсони маъюб Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои камбизоат ва маъюбро аёдат намуд.

Раиси вилоят дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини деҳаи Заркор, маъюби гурӯҳи дуюм Саттор Миршарипов, оилаи ниёзманд ва маъюб Норбоева Нилуфар - сокини Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва оилаи маъюби гурӯҳи якум Шерзод Исмоиловро аёдат намуд.

Зимни сӯҳбати самимӣ Раиси вилоят зикр дошт, ки шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф дар қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Ба оилаҳои аёдатшуда маводи ниёзи аввалияи хӯрокворӣ, тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.

Ҷавонони аёдатшуда барои чунин самимият ва таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh