Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд

Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси вилоят наврасони маъюб Шаҳина Бадалова ва Гулрӯ Иброҳимова - сокинони деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан аёдат карда шуд.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд.

Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳар иду айём барпо мегардад.

Волидайни аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд.

- Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем, - изҳор доштанд волидайн.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh