Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ситоди вилоятии назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баргузор гашт.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. ҷаласаи ситоди вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашт. Дар он, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар машварати ситоди вилоятӣ оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ҳисоботи муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ шунида шуд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои солимии ҷомеа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Таваҷҷуҳу дастгирии хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шахсияти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамбастагӣ ва заҳмати садоқатмандонаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат тавонистанд ба натиҷаҳои назаррас дар пешгирӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 ноил гарданд.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар вилоят вазъи эпидемиологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯ ба пастравӣ ниҳодааст. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки новобаста ба натиҷаҳои мусбӣ то пурра аз байн бурдани беморӣ дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира шавад.

 Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ - гигиенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастрас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯӣ намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷуҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд.

Дар ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баромад намуда, изҳор дошт, ки давоми 22 рӯз, ки ҳамчун намояндаи Ситоди ҷумҳуриявии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст, ба кори ситоди вилоятӣ ва фаъолияти табибони вилоят баҳои баланд дод. Ба заҳмату қаҳрамониҳои табибон баҳри пешгирии хуруҷи беморӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос баён дошт.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва оилаҳои камбизоат бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 2400 бастаи маводҳои доруворӣ омода шуда, ба бемороне, ки дар хона зери назорати табибони оилавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят табобат мегиранд, ройгон дастрас карда мешавад.

 

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh