Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуда, ба ифтихори рӯзи милодаш таҳният гуфтанд.

Раиси вилоят аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда,  аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф дар солҳои фаъолият дар комиҷроияи вилоятӣ ҳамчун ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳим, рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо заҳмату кӯшишҳои Баҳриддин Ахмедов ба ҳайси котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои вилоят рафти корҳои ташкилии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Саҳми ӯ дар пешрафти маънавиёту иқтисодиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол басо назаррас мебошад.

Таъкид шуд, ки хизматҳои хоксоронаи ин абармард бо ордену медалҳои олӣ, унвони фахрии «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» қадр карда шудааст. Шогирдони ин шахси наҷиб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас, Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориашон ба ашхоси бознишаста расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри ободии Ватани азиз боз ҳам бештар саъю талош варзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh