Ба муносибати Рӯзи ҷавонон Темурҷон Ҳасаналиев аёдат карда шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ҷавони маъюб Темурҷон Ҳасаналиев аёдат карда шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат баён намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Темурҷон Ҳасаналиевро ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод намуда, бо туҳфа сарфароз гардонид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh