Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон хоҳарони имконияташон маҳдуд Фотима ва Зӯҳро Надироваҳо аз ноҳияи Мастчоҳ аёдат карда шуданд

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва аз соли 1998 то ин ҷониб дар кишвари азизамон ин рӯз ҳамасола рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар партави ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд Надирова Фотима ва Надирова Зӯҳро - сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.

Зимни аёдат қайд гардид, ки ҷавонони маъюб шахсони яккаву танҳо набуда, онҳо зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамеша ба ҳаёту фаъолияти онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Зеро ҷавонон ояндаи миллат ва қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Аз ҷониби Раиси вилоят ин ҷавондухтарон - Фотима ва Зӯҳро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод карда шуда, туҳфаҳо ва маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд. Дар ҷавоб хоҳарон арзу сипоси худро ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh