Раиси вилоят бо табибони Маркази саломатии шаҳри Бӯстон мулоқот намуд

Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва дигар бемориҳо 16-уми май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон аз маркази саломатии ин шаҳр боздид ба амал оварда, бо табибони марказ мулоқот намуд.

Нахуст Раиси вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ мебошад.

Даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити хурӯҷи бемории сироятии коронавирус зарур аст, ки табибони мо беш аз пеш рисолати касбии хешро муваффақона ба анҷом расонида, ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшида, мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва риояи тавсияи табибон раҳнамоӣ кунанд.

Баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани раванди робита бо мардум, ташкили маркази доимии машварат - онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, таъмин намудан бо нақлиёти махсус барои фаъолияти табибони оилавӣ, ки дар заминаи қарорҳои Ситоди доимоамали ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) бармеояд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят ба Маркази саломатии шаҳри Бӯстон ба миқдори зарурӣ корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh