НАВДАЪВАТШАВАНДАГОНИ ИХТИЁРӢ САРҶАМЪ МЕШАВАНД

Ҳамасола дар асоси фармони Президенти кишвар аз санаи 1 - уми аперли соли равон дар манотиқи кишвар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз мегардад. Ба ин муносибат дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ҷавонони чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо дарки масъулияти хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, бо хиҳиши худ ба ба сафи артиши кишвар пайваст шуданӣ ҳастанд. Чунин ҷавонон ихтиёран дар комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъ омада, рӯзҳои наздик бо тантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гуселонда мешавад.

Алҳол ҷавонони шаҳру ноҳияи Исфарамарзу Кӯҳистони Мастчоҳ сарҷамъона ба ҳам омадаанд, то марзу буми кишварро ҳимоя намоянд. Дигар шаҳру навоҳии вилоят дар асоси фармони Пешвои миллат то рӯзи гусели аввалин ҷавонони ихтиёриро сарҷамъ менамоянд.  Дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ҷавонони шаҳри Исфара омодагии худро гирифтаанд. Тибқи иттилои масъулин алҳол 74 нафар ҷавони чусту чолок ва ватандӯсту хештаншиноси Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳр, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан рафтанро доштанд бо дуои неки волидон гуселонида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар даъвати тирамоҳии соли гузашта, шаҳри Исфара аз ҳисоби чунин ҷавонони матинирода, нақшаи даъватро саривақт иҷро намуда буд. Имсол низ шуҷоатмандони Исфарамарз нақшаи ба зимаашон гузошташударо саривақт таъмин намуданианд.   

Ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ масъулияти ба зимаашон гузошташударо дарк намуда, барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ва ба хотири гузаштан аз мактаби мардонагиву шуҷоатмандӣ барои ҳимояи марзу буми кишвари аҷдодии худ азм намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002” санаи 4 - уми марти соли 2020, таҳти рақами 146  ба тавсиб расида, алҳол аз рӯи ин фармон маъракаи гусели навдаъватшавандагон дар шаҳру навоҳии вилоят бо маром ҷараён дорад. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh