ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин изҳор доштанд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хуллас ояндаи миллату давлат мебошанд».

Насли ҷавон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда шинохта ва эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Ҷавонон, пеш аз ҳама, дар раванди ҳаёт бояд расму оин ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд ва одобу рафтори ба миллати тоҷик хосро гум накунанд.

Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди ҷомеа ба сафи хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш махсус таъкид менамоянд, ки «Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ, ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик ва махсус ҷавонон мебошад».

 Мо, ҷавонони Ҷамоати шаҳраки Палос, аз ҷумла наврасону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ба номи Б.Исмоилов пайравони пешбарандаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳимояи марзу буми кишвари азизамон, баҳри пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба экстремизм ва терроризм, эҳтироми арзишҳои миллӣ тадбирҳои амалӣ меандешем.

Бихосият ҚОДИРОВА,

омӯзгори фанни математикаи

муассисаи таҳсилоти миёнаи

умумии № 11, шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh