ХИРАДИ АЗАЛИВУ АЗИЗИ ДИЛҲО!

Баҳори нав омад.

Наврӯз чун модари меҳрубон Ватанро қабои пургул пӯшонд ва атрофу акнофро боз аз бӯи сабзаҳои навруста муаттар сохт…

Ҷаҳони мутамаддин Наврӯзи Аҷамро бо каломи Пешвои миллати тоҷик шинохту чун меҳмони деринтизор гарм пазируфта, унвони ифтихории «байналмилалӣ» ато кард ва таърих онро чунин рақам зад. Соли чандум аст, ки Наврӯзи аз гаҳвораи Аҷам раҳида бо болҳои тавоно дар фазои олами мутамаддин ба парвоз омадааст ва имрӯз меҳмони азизи хонадони мардуми дунё аст.

Кишвари зебоямонро ба пораи боғи биҳишт дар рӯи Замин ташбеҳ медиҳанд. То даме ки муҳаббат ба эътиқод табдил наёбад, биҳиштро натвон шинохтан. Биҳиште, ки Пешвои миллат дар қалби хеш барои халқи маҳбубаш бино кардаанд, маҳсули имону эътиқод ба қудрати созандаи миллат аст, ҳамон тавре, ки Худованд ба халқ азамати ҳимоя кардани аҳли аёл, хонаву ҷой ва Ватанро эҳдо намудааст.

Замин чун модари мушфиқ ба ҳам омадани фарзандонашро аз гӯшаҳои мухталифи диёр чашминтизор мешавад. Мардум боз аз гузашта ёдовар мешавад, сабақҳои пандомези онро зеру забар месозаду шукронаи имрӯз мекунад ва сӯи фардо бо умеди нек дида медӯзад. Ҳар як гӯшаи ин сарзамини нозанин, ҳар як хонадони тоҷик бо сурури нав имрӯз ташрифи меҳмонони азизро мунтазир аст, зеро қадами меҳмон ҳамеша файзу баракот меорад.

 Ман низ чун ҳарвақта чашм ба роҳаму омадани меҳмони азизи хешро интизорӣ дорам ва боз дар андеша ғӯтаварам. Бале, хабар ёфтам, ки Пешвои муаззам ба Суғдзамин ташриф меоранд.

Қаҳрамони ман ҳарчанд роҳнаварди ҷавони арсаи сиёсат буданд, чун намояндаи халқ дар Шӯрои Олии мамлакат аз байни чанд нафар номзад насибашон шуда буд, дар қатори аввалинҳо бо тамоми вуҷудашон эҳсос намуданд, ки Ватан ва миллат дар вартаи ҳалокат қарор дорад.

Алорағми баъзе ашхоси ақлбохта чун фарзанди сарсупурдаи миллат ва баҳрнаварди собиқ худро ба баҳри ҳодисот афканда, мавқеи хешро дар корзор муқаррар намуданд. Ба қимати ҷони ҷавонашон масъулияти роҳбарии минтақаи ҷангзадаи мамлакатро ба дӯши баҳодуронаашон гирифтанд. Дар лаҳзаҳои пурэҳсос, ки тақдири зимоми сарварии миллату халқи мамлакат рӯи мизони адли фарҳехтагони миллат қарор дошт, ҳисси ватандӯстиашон боло гирифт, орияту мардонагии тоҷиконаашон пуршарар гардид, ба худ аҳд карданд ва аз минбари баланди Қасри Арбоб эълом доштанд, ҳатто бо баҳои ҷони худ бошад ҳам ба Ватан сулҳ оварданд!

Сарнагун гаштани давлати собиқи абарқудрат Ватанро нотавону ниёзманд ва дар роҳи сарбаста вогузошт. Қаҳрамони ман мехостанд, мамлакатро аз бунбаст раҳоӣ бахшанд. Андешае доранд, ки дар он ҷуз пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек фикреву амали дигаре намеғунҷад. Инсони заминианду вуҷудашон лабрези андешаҳои инсонист. Хизмат ба халқ он касро маҳбуб сохт ва чун тӯдакаши азалӣ мардумро ба сӯи рӯшноӣ, сулҳу ваҳдат ва таҳкими пояҳои истиқлолият раҳбарӣ намуданд.

Хиради азалӣ, истеъдоди шоистаи роҳбарӣ, шинохти ормонҳои деринаи миллати мутамаддин, ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва тарғиби он байни ҷомеа, масъулияти баланд, таҳаммулпазирӣ, ҷозибият, эътиқод ва эътимоди бепоён ба миллат ва ҳифзи манфиатҳои он, ҳамдиливу ҳамқадамӣ бо мардум тӯли солҳои сипарӣ он касро маъруфу маҳбуби дилҳо сохтаанд.

Дар солҳои душвортарини Истиқлолияти давлатӣ бо ҷасорати хоса ҷудо кардани рукнҳои асосии давлат ба мақомоти иҷроия ва қонунгузор, тариқи конститутсия ҷорӣ намудани тарзи идораи президентии мамлакат ва бо боварии том ба татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, ки инсон дар меҳвари он ҷой гирифтааст, шурӯъ намудани он кас дар қалбҳои ҳамватанон оташи умеду меҳрро нисбати сиёсати вазънамудаашон бедору фурӯзон сохт.

Авфи гуноҳ аз хислатҳои умдаи нобиғагон аст. Барои тарбияву тамизи раҳгумзадагон нӯҳ маротиба қонун «Дар бораи авф»-ро имзо намуданду иҷрояшро мавриди назорати шахсӣ қарор доданд. Мақсад гузоштанд, ки нақб мекананд, ҳатто ба зӯри нохун. Бо боварии том ба мардуми меҳрпайвандашон сангзори кӯҳистонро корзори аср номиданд, бо қудрати иродаи қавиву зӯри бозувони рустамонаашон алорағми душманони миллат синаи кӯҳҳоро шикофтанд. Аз сарҳади Қирғизистон то дарёи Панҷ, яъне сарҳади Афғонистон шоҳроҳи ҳамвор бунёд намуданд, ки бисту чор соат амал мекунаду чунин шаҳраги Ватан ба тамоми гӯшаву канори мамлакат маводи ғизоиву ғизои маънавӣ мерасонад. Пулҳову бозорҳои «Дӯстӣ»-и наздисарҳадиро фаъол сохтанд, то иҷтимоиёти мардум рангину босафотар гардад. Дӯстони ҳамҷаворро, ки беш аз чаҳояк аср ташнаи дидор буданд, бо оғӯши боз пешвоз гирифтанд ва мамлакати ҳамсояро шарики стратегӣ эълон намуданд.

Аз бузургон мешуниданд, ки ташнаро об додан савоб аст. Бо идроки фитриашон тавонистанд, дар андешаҳои сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ исёне ба бор оранд ва Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ташаббусҳои истифодаи самараноки оби ошомиданӣ дар кураи арз муаррифӣ намоянд. Имрӯз бо иқдоми ин абармард милёнҳо нафар дар ақсои олам ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Иродаи мустаҳкамашон садди фӯлодиву хорсимҳои бешафқат ва муносибати яхбастаи беш аз чаҳорякасраи ҳамсоягонро дар як они воҳид ба пули дӯстиву дарёи муҳаббати ду халқи бародар ва гулдастаҳои меҳроганд мубаддал сохта, сӯзи синаҳои бирёни додарону бародарон, хоҳарони ҳамхуну ҳамтақдирро таскин бахшиданд ва аз меҳри дили бузургашон саршор карданд. Забон пораи дил аст ва он чӣ, ки аз дил мегузарад, ба забон меояд. Дӯсту бародари азизи худро бо қалби саршори муҳаббат гарм ба оғӯш гирифтанду бо лафзи тоҷикӣ хайрамақдам хонданд. Инак, баҳори чандум аст, ки гулистони дӯстии мардуми ду кишвар аз таровиши муҳаббати қалбҳои якдигар сероб шудааст ва лолаву насрину наргис дар ин бӯстони тозабаҳор ҳар нафас аз дили хок сар бароварда, чун дасти дуои хайр майли кушодашавию шукуфтан доранд.

Гуфта буданд, ки халқро аз зулмоти шаб мебарораму тани ӯро гармӣ мебахшам. Қабл аз ҳамаи ин гирудорҳо чеҳраи ба сони хуршед тобонашон, барқи чашмони ҷаҳонбинашон, зулоли қалби равшанашон бо нуру зиёи хеш манзили ҳаммеҳанонро рӯшаниву гармӣ бахшид. Ваъда карданд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд, даромад! Бо қудрату иродаи мустаҳкамашон хорои синаи кӯҳро шикофта, зиндагии мардумро зиёи дигаре зам намуданд. Машъалеро шӯълавар сохтанд, ки равшаниаш машриқзамини тобонро мунаввартар гардонид.

Дар фатҳи қуллаи навбатии мурод нусратёр гардиданд, зеро ҳамчун инсони комил, шахси оқил ва Сарвари хирадманд бо такя ба иқтидори халқи худ нақшаҳои мушаххасро тарҳрезӣ карда, мардумро барои татбиқи онҳо ҳидоят намуданд. Бо эътимод ба қудрати мардум, хоса насли ҷавони даврони Истиқлолият фатҳи қуллаи нав, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллиро мақсади асосӣ қарор доданд.

Имрӯз дар синаи он кас як дил не, беш аз нӯҳ миллион дил метападу аз фараҳи соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ лабрез аст ва навои мутантани сулҳро менавозад. Ҳар гоҳ ки дар маҷлисҳо оид ба иҷтимоиёт, оилаву оиладорӣ сухан меравад, баъзан бидуни ихтиёр эҳсосоташон боло мегирад, қалбашон ба туғён меояду боз ҳам аз он ки дар ин даврони осуда оилаҳо пош мехӯранд, садҳо нафар фарзандони ноболиғ аз меҳри модару ҳазорҳо нафар аз шафқати падар маҳрум мегарданд, ғусса мехӯранд.

Баъзе ашхоси тангназару фирефтаи пулу молгашта, ки дар хизмати хоҷагони деринаашон дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳар роҳу восита тайёр буданд, ҳатто фарзандони хурдсолашонро туъмаи оташи ҷанг дар кишварҳои бегона созанд. Эшонро дар сар на ғами Ватан буду на ғами фарзандон.

Ҳар гоҳ ки сухан дар бораи наврасону кӯдакони аз Ватан дурафтода мерафт, Пешво гӯё хӯру хобро фаромӯш мекарданду тамоми фикру зикрашон ба он кӯдакони маъсум банд мешуд. Ин навбат ҳам бо дарки масъулият оид ба ояндаи фарзандони он чанд тани ҳарису аз Ватану волидайн рӯйтофта масъулинро муваззаф сохт, то чорае андешанду кӯдаконро ба Ватан баргардонанд. Масъаларо таҳти назорати доимии хеш қарор доданд. Танҳо ҳамон соате, ки тайёра бо як гурӯҳ ноболиғони аз чанголи нокомиву асорат раҳоёфта дар фурудгоҳи пойтахт фуруд омад, нафаси озоде кашиданду табассуми ширине чеҳраи базебашонро мунаввар сохт.

Ҳар гоҳ фурсате даст диҳад, ба Хонаи бачагон ё Мактаб - интернати маъюбону бепарасторон мераванд, аз аҳволашон хабар мегиранд. Кӯдакони пазмони меҳру муҳаббати хонаводагӣ худро беҳарос ба оғӯши бозашон ҳаво медиҳанд ва дастаконашонро ба гарданашон ҳалқа месозанд ва лаҳзае дар канори Пешвои миллат оромиш пайдо мекунанд. Бо кӯдакон шӯхиву бозӣ мекунанд, чеҳраҳои шоду хандаҳои беғаши онон дилашонро лабрези фараҳ месозанду таскин мебахшанд. Бале, он кас бобоҷон ва бобокалони маънавии кулли наврасону кӯдакони кишвар ҳастанд. Хоҳ дар Рашту Бадахшон, хоҳ дар Хатлону Зарафшону Суғд ва хоҳ дар пойтахти мамлакати офтобиамон кӯдакон «бобоҷон» ном мебаранд.

Бо талошҳои арзандаашон ҷаҳониён пешниҳодро оид ба таҷлили 700 - солагии мавлуди Шайх Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ пазируфтанд ва бо қарори Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид ҷашнҳои мазкур ба номгӯи чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ворид гардиданд. Ҳурмату эҳтиромро нисбати забони модарӣ, таърихи миллат ва адабиёти тоҷик то ба арши аъло бардоштанд ва омӯзиши илм, хусусан илмҳои дақиқро вазифаи муҳим эълон намуданд.

Қаҳрамони ман имрӯз фурсате пайдо намудаанд, то Суғдзамини бостониро бо ҳузури хеш мунаввар созанду аз файзи қадамҳояшон корҳоро баракат ва равнақи тоза бахшанд, бо дастони сеҳрофарашон донаҳои умеди деҳқон ва ризқу рӯзии мардумро ба замини чун парниён нарм пошанду калиди иншооти нави таълимиро ба кӯдакони соҳибиқболи замони Истиқлолият супоранд, Парчами давлатиро боз дар як мавзеи назаррабои кишвар парафшон созанду ятимонро навозанд ва меҳмони азизи сари хони наврӯзӣ бошанду ҳамдиёронро аз ҳузурашон, суҳбати гуворояшон баҳраманду хушбахт созанд.

Роҳҳо, шаҳру деҳот, хонаҳову қалби мардуми шукргузор поку мусаффо ва чеҳраву дидаҳои мардум аз нури хуршеди ховар ва гармии шавқи дидори Пешвои муаззами хеш муҷалло мегардад. Гулу сабзаҳои наврустаи дашту даман, абиру ёсуман ва лолаву наргис ҳар лаҳза аз нафаси тозаи баҳору насими гулафшон бо қарсаки шодӣ ва сари таъзим рӯи раҳашонро покизаву муназзаҳ месозанд.

Ман ҳам ба сони ин гулу сабзаҳо гарди роҳашонро тӯтиёи чашмон мекунам, то ба олам чун эшон бо дидагони равшан, фарох назар афканам. Дил мехоҳад, чун кабӯтар дар осмони софу муҷаллои кишвар ба парвоз ояд, болҳои худро дар фарози болои сари он кас кушояду соябон шавад ва бо насими меҳри беандоза парафшонӣ намуда, ҷисми тавонояшонро даме роҳат бахшад. Илоҳо, Қаҳрамони ман, Пешвои фурӯзонфару собитқадами моро ҳамеша дар паноҳи Раҳмониат нигаҳ дорӣ.

Илоҳо, силии раҳму шафқати Марями покат аз сарашон кам нагардад ва дуои некро нисбати Пешво ва олу авлодашон дар қалбу забони мардуми шукргузори тоҷик ҷовидон маъво диҳӣ. То бод чунин бодо!

Инъом УСМОНӢ,

барандаи Ҷоизаи адабии

ба номи Раҳим Ҷалил

Add comment


Security code
Refresh