МУҲОҶИРОН БО ҶОЙИ КОРӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Давоми соли 2019 аз ҳисоби сокинони вилоят 108702 нафар ба хориҷа сафар карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 - ум 3754 нафар зиёд аст. Сабаби асосии он ба охир расидани муҳлати манъи воридшавии муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва кушода шудани роҳи онҳо ба Федератсияи Россия мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки шумораи умумии ба Ватан баргаштагон 113821 нафар аст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 13032 нафар зиёд аст. Боиси қайд аст, ки дар соли 2019 - ум 3 213 нафар муҳоҷир аз вилоят бинобар вайрон ё риоя накардани талабот ва қонунҳои марбутаи дохилии кишвари хориҷии иқоматдошта ҳуқуқи муваққатан воридшавиро аз даст додаанд.

- Боиси таассуф аст, ки соли сипаригардида ҷасади 200 нафар фавтида ба Ватан баргардонида шуд. Аз ин ҷумла, 8 нафар дар ҳодисаи куштор, 128 нафар бинобар беморӣ доштан, 38 нафар дар ҳодисаи нохуш ва 4 нафар бо сабаби даст ба худкушӣ задан оварда шуданд, - қайд кард Зайнура Шарифӣ.

Таъкид гардид, ки ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 439 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта муроҷиат карданд, ки аз ин миқдор 61 нафар зан мебошанд. Дар натиҷа 131 нафар бо кори доимӣ, 29 нафар бо кори ҷамъиятии музднок ва 82 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, ба 22 нафар барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

- Дар соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 1489 нафар ашхоси аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намуданд. Аз ин теъдод 156 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ва 10 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ба 1124 нафари онҳо кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шуд, - гуфт сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ.

Доир ба омӯзонидани ҳунарҳои дастӣ ба занону духтарони хонашин Ш.Нодирӣ гуфт, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бо ташаббуси сохторҳои мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар заминаи муассисаи таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳо синфхонаҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ ва ғайраҳо ташкил шуда, шаҳрвандон пас аз хатми он метавонанд, соҳиби шаҳодатнома гардида, сатҳи зиндагии худро беҳ намоянд.

- Ба 937 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 2864,2 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт шуд. Маблағи гирифташуда асосан ба самти тиҷорат ва истеҳсолот, аз ҷумла чорводорӣ, паррандапарварӣ, хариду фурӯши либосҳои мактабӣ, занбӯрпарварӣ, кишоварзӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ равона шудааст, - қайд кард Ш.Нодирӣ.

Дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ду сохтор саволҳои мухталиф пешниҳод гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh