Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз якчанд собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд.

Раиси вилоят ба манзили собиқадори соҳаи маориф, профессор Шарифҷон Аҳмадов ташриф оварда, аҳволпурсӣ намуд.

Шарифҷон Аҳмадов Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, “Шаҳрванди фахрӣ” - и шаҳри Хуҷанд мебошад. Олим, мутафаккир зиёда аз 27 китоб ва асарҳои илмӣ навиштааст. Шарифҷон Аҳмадов ҳоло 90 - сола, боз ҳам ба эҷодии мақолаҳои илмӣ машғул мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо китоби навини Шарифҷон Аҳмадов шинос шуда, ба устод саломатӣ ва ба корҳои эҷодӣ муваффақият таманно намуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят собиқадори соҳаи саноати сабук Тоҳир Бобоевро аёдат намуд. Тоҳир Бобоев аз шахсиятҳои шинохта дар соҳаи саноати сабук буда, яке аз асосгузорони таъсиси корхонаи муштараки "Ҷавонӣ" мебошад. Ҳоло дар синни 80 - солагӣ давлати пирӣ меронад.

Ҳангоми сӯҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни Тоҳир Бобоев ёдовар шуда, саҳми ӯро дар саноатикунонии мамлакат намунаи ибрат арзёбӣ кард.

Инчунин, он рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати генерал - майори ҳарбӣ Аъзам Қосимов рафт. Аъзам Қосимов тӯли 21 сол ҳамчун комиссари ҳарбии вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Ӯ дар поягузорӣ ва ташкили Артиши миллӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён намудааст.

Барои хизмати садоқатмандона дар назди халқу Ватан бо ордену медалҳо ва рутбаҳои баланди ҳарбӣ аз ҷониби давлат қадрдонӣ гаштааст.

Ҳоло Аъзам Қосимов 65 сол дошта, соҳиби се фарзанд ва 8 набера мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода афсари касбӣ Аъзам Қосимовро ба муносибати 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, саломатӣ ва комёбӣ таманно намуд.

Ҳамчунин, дирӯз Раиси вилоят профессор Усмонҷон Ғаффоровро аёдат намуда, бо милоди 75 - солагиаш таҳният намуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми профессор Усмонҷон Ғаффоровро дар ҷаҳони маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муассир арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон назир надорад ва он бемисл аст. Раҷаббой Аҳмадзода нависанда, олим ва ҷанговари интернатсионалист Муҳаммад Субҳонро низ аёдат намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh