Хизмати шоиста - таҷрибаи рӯзгор

Асоси рушди ҷомеаи имрӯзаи мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва сиёсии кишвар занону духтарон буда, нақши онҳо бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар аст. Баланд шудани шаъну эътибори зан – модар дар зиндагӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, бунёди оилаи хушбахт, тарбияи фарзандони шоиста ҳама аз заҳмату тараддуд ва ҷонфидоиҳои занон сарчашма гирифта, боиси ба даст омадани муваффақиятҳои нав гардидааст.

Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз бист сол муқаддам «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расида буд. Ин ҳуҷҷати муҳиму таърихӣ, бегумон, роҳи бахту саодати занонро кушод, фардои онҳоро муайян кард ва барояшон ҳамчун раҳнамо китоби рӯимизӣ гардид. Ин аст, ки ба гуфти Сарвари давлат, «ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фисад, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фисад, фарҳанг 51 фисад ва хизматчиёни давлатӣ 23,3 фисад буда, саҳми онҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ бисёр арзишманд мебошад».

Иштироки фаъоли бонувони шаҳри Исфара дар тамоми чорабиниҳои давоми соли 2019 баргузоргардида назаррас буда, вохӯриву суҳбатҳои судманди фаъолзанон барои пешравии кори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мусоидат намуд. Боиси қайд аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронидани мулоқот бо фаъолону оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимии шаҳр таҳти унвони «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир!» дар мавзеи «Зумрадшоҳ» баргузор гардида, иштироки Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни давлатию сиёсӣ Гулафзо Савриддинова ва собиқадори меҳнат, дорандаи мукофоти давлатӣ Музамбила Воситова боиси хушнудии аҳли нишаст буд.

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иштироки бонувони фаъол масоили вазъи бақайдгирии никоҳҳо, омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ноустувории ҷавонон дар муносибатҳои оилавӣ ва вазъи ташвишовари бекоркунии никоҳ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, суҳбати пурмазмуни оилаи намунавии Тӯйчиевҳо, ки собиқаи оиладории 50-сола доранду сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳастанд, ибрати ҳамагон гардида, оилаи Исломиддиновҳо дар чорабинии идонаи вилоятӣ сазовори Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд гаштанд.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои ворухиён дастовардҳои бузурги меҳнатиро сарҷамъ овард. Сарфароз гардидани раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳрихон Раҳматова аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» боиси он гардид, ки исфарагиён нуфузи занонро дар мақомоти қонунгузору намояндагӣ, ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо нишон дода тавонанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh