МАҲАКИ ФАЪОЛИЯТ: СОЛИМӢ ВА ОФИЯТ

Дар шаҳри Хуҷанд чанд сол инҷониб баҳри кори неку ҳифзи сиҳатии омма Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мутахассисони варзидаву кормандони тиббиаш фаъолияти басо назаррас дорад. Ин паҳлӯи соҳаи тиб бо таваҷҷуҳи инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳким меёбад.

Бобати сатҳу сифати хизматрасонии кунунии марказ бо чанде аз табобатгирандагон ҳамсуҳбат гаштем.

- Фаъолияти табибони ин офиятгоҳ ва умуман кормандони он ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, онҳо баҳри сиҳатии қишри ниёзманди ҷомеа, бахусус маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат донишу малакаи хешро сафарбар менамоянд. Дар ин раванд маркази мазкур бо созандагиву ободониҳо чун маъвои умеду орзуҳои нек маълум буда, эътироф гардидааст, - изҳор доштанд муолиҷагирандагон.

- Бале, шароити будубоши табобатгирандагон сол аз сол беҳтару хубтар гардидаву чунин суханҳоро борҳо аз забони бисёр касон шунидаему мешунавем, - афзуд сартабиби ин офиятгоҳ Мӯҳсинҷон Ҷабборов. - Дар маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ айни замон 62 мутахассиси соҳа ва корманди хурду миёна фаъолияти пурсамар доранд.

Фаъолияти кунунии марказро шарҳ дода, мавсуф изҳор дошт, ки нишондиҳандаҳои муқоисавӣ худ баёнгари шарҳи ҳоланду сатҳу сифати кору хизматрасонии духтурону дигар кормандонро нишон медиҳанд.

Соли гузашта дар 60 кати табобатӣ, дар маҷмӯъ 538 бемор табобат гирифтанд – онҳо маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробар мебошанд, яъне, ба истилоҳи духтурон, гардиши катҳо раванди устувории табобатиро нигоҳ дошт. Ашхоси ройгон табобатгиранда – маъюбон ва иштирокчиёни набардҳо, чун сарбозони байналмилалӣ, маъюбони гурӯҳи дуюм, барқароркунадагони садамаи нерӯгоҳи Чернобил, беморони аз сини ҳаштодсола боло, оилаҳои саробонашон дар набардҳо фавтида, нафақахӯрони шахсӣ, кормандони хизматнишондода, муҳофизони сохти конститутсонӣ ва оилаҳои камбизоат мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз лоиҳаи бунёди бинои нави табобатӣ дар назди Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба масъулин дастуру супориш дод, ки бояд бобати бунёди бинои нави панҷошёнаи табобатӣ бо ҳавзи шиноварӣ, деворҳои иҳотавӣ ва ҷиҳати бартараф намудани бинову иншооти кӯҳнаву садамавӣ корбарӣ карда шавад.

Воқеан, ин тадбир басо муҳим маҳсуб ёфта, баҳри беҳдошту сифати табобату солимгардонии ин табақаи аҳолӣ, албатта, мусоидат хоҳад кард. Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти марказ дигар паҳлӯҳову самти корро баҳри беҳбудии солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатӣ донистем.

- Ҳамаи беморон асосан бо тарзи комплектӣ – иртиботӣ табобат карда мешаванд, ки ин дар якҷоягӣ истифодабарии маводи доруворӣ ва усулҳои физиотерапевтиро дар бар мегирад. Дар ин самт дармонгоҳи табобатии ёрирасонӣ – маслиҳатдиҳӣ фаъолияти ба талабот ҷавобгӯ дорад. Аҳли табибон барои татбиқи барномаҳои миллии тандурустии мамлакат азму субот нишон медиҳанд, - изҳор дошт Мӯҳсинҷон Ҷабборов. Ободониву тозакориҳо дар марказ яке аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб мегардад. Ҳар ҳафта ду маротиба тадбирҳои ободониву тозагии гирду атроф гузаронида мешавад.

Соли сипарӣ дар роҳраву таҳхона ва ҳуҷраҳои шуъбаи муолиҷавӣ корҳои таъмирӣ гузаронида шуданд. Ҳуҷраи галокамера таъмир ва ба кор омода карда шуда истодааст. Аз ҳисоби маблағҳои махсус барои таъмир ва хариди таҷҳизот тадбирҳои амалӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ як таҷҳизоти ташхисии ултрасадо харидорӣ шудааст. Системаи гармидиҳии марказ ба воситаи барқ фаъол мебошад.

Ҳангоми суҳбат бо сартабиб М.Ҷабборов ва ҳини шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаҳои марказ, шароиту усулҳои табобат, сифати хизматрасониҳо, дигар паҳлуҳои Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хулоса омадам, ки дар ин офиятгоҳи дар қаламрави кишвар фаъолияти назаррасдошта, муносибату чораҷӯиҳои нав баҳри ҳифзу нигаҳдошти сиҳатии мардум роҳандозӣ гардидаву табибону кормандони некмаром беморони бо умеди шифоёбӣ омадаро бо чашми дил мебинанду садоқати касбиву муҳаббати инсониро гиромӣ медоранд.

Роҳбарияти марказ тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ фаъолияти хешро барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароити будубош ва табобати беморон нигаронида, то ҷашнҳои таърихии кишвар дар самти ободониву созандагӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

Маъмурахон Самадова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh